МАШҚҲОИ БАРДАВОМ ВА БОВАРӢ БА ХУД ҚАДАМЕ БА ҒОЛИБИЯТ
Кифоятулло Маҳсиддинзода - донишҷӯи курси аввали ихтисоси кори рекламаи факултети иқтисод ва идоракунии давлатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мусобиқае, ки рӯзҳои 19-23-уми декабри соли равон дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуда, дар вазни 75 кило аз рӯи риштаи муҳорибаи бидуни қоида (ММА) сазовори ҷойи якум гардид.
- Ифтихори миллӣ, тайёрии ҳаматарафа, машқҳои бардавом ва боварӣ ба худ маро ба ғолиб шудан кумак намуданд. Албатта, ман медонам, ки машғул шудан ба варзиш инсонро саломат нигоҳ медорад ва барои расидан ба ҳадафҳо кумак мекунад, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Ба андешаи декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ Қаландар Сафаров: “Кифоятулло Маҳсиддинзода яке аз донишҷӯёни фаъоли факултет буда, дар баробари ин, дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун иштирок намуда, чандин маротиба ғолибият ба даст овардааст ва мо бо ин гуна шогирд фахр мекунем”.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо донишҷӯёни варзишгар бо дастовардҳои худ номи донишгоҳ ва Ватанро пайваста боло бардошта, аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ низ дастгирӣ меёбанд.
Мо ин варзишгар - каҳрамони байналмилалиро бо ин пирӯзиаш табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng