ПАЁМ - ВАСИЛАИ ТАҲКИМ ВА БАҚОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Рӯзи 24 декабри соли 2025 дар доираи нақша-чорабиниҳои шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-ғоявии ҳайати профессорону омӯзгорони муассиса зери унвони “Паём - василаи таҳким ва бақои давлатдории миллӣ" доир гардид. Дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам ва Аҳмадзода Дилноза, инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир ширкат намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор чорабиниро ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад, дар таърихи 25 соли охири давлатдории муосири миллати мо ҳамчун як ҳуҷҷати раҳнамунсоз мавриди эътироф қарор гирифтааст.
Имрӯз дар доираи Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, дурнамои ин сиёсат шарҳу тавзеҳ дода мешаванд. Зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаву дастовардҳои соли 2025 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки чун ҳамеша соҳаи маориф дар меҳвари он қарор дошт. Зеро Пешвои миллат бо дарки муҳимияту афзалиятнокии масъала амиқан дарк менамоянд ва борҳо таъкид ҳам доштаанд, ки: “Маориф асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумуи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад”.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсола оид ба зарурати рушди маориф ва нақши он дар бақои давлатдории миллӣ изҳор андеша намуда, таъкид доштанд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Ин таъкиди Пешвои миллат ва татбиқи воқеии он василаи ташаккули сифати зеҳнии аҳолии мамлакат гардида истодааст.
“Зимнан, таъмини амнияту устувории давлат, бақои истиқлолият, ташаккулёбии сифати зиндагонии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва дар маҷмуъ, рушди иҷтимоии ҷомеа мустақиман аз сатҳу сифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия, ки устувори низоми маорифро кафолат медиҳанд, вобаста мебошад. Дар кишвари мо соҳаи маориф ва илм зинаҳои рушди моддию техникиро пушти сар намуда, даҳҳо барномаҳои соҳавӣ дар ин самт мавриди татбиқ қарор гирифта истодаанд”, - зикр намуд ректори ДДМИТ.
Бобоҷон Сатторзода дар фароварди суханронии худ бо изҳори итминон ва қадрдонӣ аз ғамхориҳою талошу заҳматҳои Сарвари давлат дар рушду такомули соҳаи маорифи кишвар изҳор дошт, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки дар заминаи таваҷҷуҳи бевоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, соли 2026 аз таъсиси он 30 сол сипарӣ мегардад, ҷиҳати омода намудани мутахассисони дорои донишу малака ва маҳорату қобилияти хуби соҳаҳои иқтисодию молиявӣ ва амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат саҳми назарраси худро хоҳад гузошт.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҳабибзода Зоҳир дар маърузаи худ, ки “Бозтоби масъалаҳои тарбияи маънавии ҷомеа дар Паём” унвон дошт, зикр кард, ки таълиму тарбияи насли солим дар ҷомеаи имрӯза масъулияти ҷиддиро аз аҳли ҷомеаи муосири Тоҷикистон талаб менамояд, ки дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш низ махсус дар ин маврид таъкид намуданд. Зеро таълиму тарбия дар пешгирии даст задани ҷавонону наврасон ба содир намудани ҷинояту қонуншиканӣ нақши муҳим дошта, қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Соҳаи маорифу муассисаҳои таълимӣ бояд дар иҷрои ин амри муҳим нақши бештаре дошта бошанд, зеро тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад ва Президенти кишвар низ дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд.
Ба таъбири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Ходими давлативу сиёсӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дар мавзуи “Паём ва масъалаҳои рушди низоми қонунгузории иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири истиқлолият” суҳбат намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ҳанӯз 25 сол қабл - 30-юми апрели соли 2001 бо Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, дар он роҷеъ ба вазъи ҳаёти сиёсии ҷомеа, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дар маҷмуъ, ҳадафҳои стратегӣ ва пешомади чанд соли наздики мамлакат назари худро муфассал иброз намуданд.
Ба андешаи мавсуф, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён овардааст. Бинобар ин, аз нигоҳи амнияти сиёсӣ, Паёми имсола пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти як соли охир дақиқ муайян намуд. Вале аз нигоҳи назариявӣ бошад, метавон гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат бакорандозии механизмҳои иловагии бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тағйироти институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, пешниҳоди ғояи нави таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоиро ба ҷомеа пешниҳод намуда, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти неруи инсонӣ, татбиқи чораҳои амалии тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ, инчунин таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа ва тарбияи насли созандаро бо пешниҳоди тадбирҳои мушаххас ва масъалагузориҳои дақиқ ба миён гузошт.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, ки мавзуи баромадаш ба “Нақши Паём дар рушд ва таҳкими давлатдории миллӣ” бахшида шуда буд, изҳор намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар нақши калидӣ хоҳад гузошт. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба солҳои гузашта вижагиҳои хосро дар бар мегирифт, ки онҳо инъикосгари арзишҳои миллию давлатдорӣ, рушди босуботи кишвар, таъминкунандаи сатҳу сифати зиндагии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҷиҳати боз ҳам афзалиятнок гардонидани самтҳои умдатарини фаъолияти Ҳукумати кишвар дар роҳандозии суботкориҳои арзишманд заминаи боэътимод мегузорад.
Нотиқ дар идомаи суҳбати худ афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баҳри амалӣ гардидани нақшаву қарордодҳои нав дар самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки дар оянда барои рушди босуботи кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Воқеан, Паёми Пешвои миллат нақши муҳимро дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебозад. Бо мақсади таъмини рушди бомайлони давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу суботи сиёсӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.
“Дар робита ба ин суханони волои Роҳбари давлат мо мардуми шарафманди тоҷик бояд шукрона аз ваҳдату соҳибистиқлолӣ намуда, барои пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишварамон саҳми арзанда гузорем ва барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ аз як гиребон сар барорем”, - бо ҳамин ниятҳои нек суханронияшро ҷамъбаст намуд Дилноза Аҳмадзода.
Дар фароварди ҳамоиш меҳмонон аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардида, дар саҳни муассиса акси хотиравӣ гирифта шуд.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng