Рӯзи 23 декабри соли 2025 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-063 назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ Ақдодова Нилуфар Нағзибековна дар мавзуи “Нақш ва мавқеи сайёҳӣ дар рушди маҳалҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат гирифт.

Н. Ақдодова диссертатсияашро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси 6D050700 - менеҷмент (6D050702 - иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ) таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бомуваффақият дифоъ намуд.

Зимни ҳимояи рисолаи илмӣ диссертант иброз дошт, ки сайёҳиро ҳамчун воситаи рушди ноҳияҳои деҳот, хусусан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, баррасӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин, таҳлили адабиёти оид ба сайёҳӣ нишон медиҳад, ки бисёре аз ибрози назарҳо дар бораи таъсири иқтисодии сайёҳӣ ба ноҳияҳои деҳот ба моделсозии иқтисодӣ асосан дар кишварҳои мутараққӣ бо истифода аз маълумоти макроиқтисодии мавҷуда асос ёфтаанд. Бештари таҳқиқот дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо сабаби норасоии маълумот пастсифат мебошанд ва мумкин аст таъсири воқеии сайёҳиро ба рушди маҳалҳои деҳот накунанд. Ин масъалаи мушкил аст, зеро маълумоти макроиқтисодӣ дар бораи сайёҳӣ аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ басанда нестанд. Ба ин васила, масъалаҳои таҳқиқи таъсиррасонии сайёҳӣ ба рушди ноҳияҳои деҳот дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, мисли Тоҷикистон мубрам мебошанд.

Ишора гардид, ки таҳқиқи адабиёт оид ба рушди Тоҷикистон нишон медиҳад, ки баъд аз расидан ба истиқлол ва таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар якчанд таҳқиқот дар соҳаи сайёҳӣ гузаронида шуд, вале ба ғайр аз баъзеи онҳо, дар таҳқиқоти дигар ҷанбаҳои педагогӣ ва таърихии сайёҳӣ баррасӣ мешаванд ва ҷанбаҳои иқтисодии он камтар тавзеҳ ёфтаанд.

Мо устодону кормандони донишгоҳ Нилуфар Ақдодоваро бо ин дастоварди илмӣ табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдаи эшон барору комёбӣ хоҳонем.

 

Шуъбаи иттилооот ва нашрия