ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ МУҲИМИ СТРАТЕГӢ
Бо мақсади омӯзиш ва татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 19-уми декабри соли ҷорӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии маърифатӣ-ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов аҳаммияти Паёми Пешвои миллатро ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои рушди устувори кишвар ва тарбияи насли ҷавон таъкид намуд.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявӣ Шаҳноза Ғаффорова қайд кард, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар масъалаи мақом ва нақши зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидааст.
Дар идома мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Ҷамрод Бобозода иброз дошт, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” нишонаи равшани сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад.
Гуфта шуд, ки корҳои ободонию созандагӣ на танҳо бунёди иншооти моддӣ, балки рушди тафаккури миллӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва риояи қонунро низ дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ ва суботи ҷомеа арзёбӣ гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng