Тибқи нақшаи корӣ, 17-уми декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ дар доираи барномаи “Профессори даъватӣ” Гадоев Сӯҳроб Ҷумъақулович - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон бо тариқи оилайн дар мавзуи «Молияи хоҷагӣ-хонавода» маъруза намуд.

Дар ин дарс устодони кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз - дотсент Наимҷон Шоасалов, муаллими калон Илҳом Сафаров ва ассистент Исматулло Ҷумаев ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ ҷудо намудани молияи хоҷагии хонаводагӣ ҳамчун категорияи комил ва мустақили илми молия зарурати воқеӣ дорад.

Иқтисодчиёни зиёде эътироф менамоянд, ки молияи хоҷагии хонаводагӣ унсури мустақили низоми молиявӣ буда, маҷмуи муносибатҳои пулиро оид ба ташаккулёбӣ ва истифодабарии буҷетҳои оилавӣ дар бар мегирад.

Албатта, молияи хоҷагии хонаводагӣ дорои субъект ва объеки мушаххас буда, дар низоми молияи миллии ҳар як давлат нақши калидӣ дорад. Нақши калидии хоҷагиҳои хонаводагӣ дар ташаккул ва рушди муносибатҳои молиявӣ аз мавқеи омӯзиши таҳавулоти назариявӣ баҳо дода мешавад.

Дар охир байн донишҷӯён ва профессор мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия