Дар асоси фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2025, таҳти рақами 1960, фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи комиссияи кории агентӣ қарор дода мешавад, ки ҳадафи асосии он санҷиши сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаи мазкур мебошад.

Дар ин доира, бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ҷаласаи корӣ доир гардид.

Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор аз ҳамкориҳои судманд, дастгирӣ ва тавсияҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ҷиҳати такмили фаъолият ва баланд бардоштани сифати таҳсилот миннатдорӣ баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди фаъолияти муассиса ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат мусоидат намуда, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат амалӣ мегардад.

Дар идома директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода зикр намуд, ки фаъолияти агентӣ ба татбиқи сиёсати ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риояи стандартҳои давлатии таҳсилот, инчунин, арзёбии раванди таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, магистрантон ва докторантон равона гардидааст.

Дарки дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, масъалаҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат дарҷгардида, ивази сохтори ДДМИТ, санҷиши 5 соли охири фаъолияти донишгоҳ, таъсиси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ, муаррифии раёсати донишгоҳ ва деканони факултет идомабахши вохӯрии имрӯза буд.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки комиссия зимни санҷиш иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи нақша, барнома ва консепсияҳои давлатӣ, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, инчунин, таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои дахлдорро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба раванди санҷиш шарҳу тавзеҳ дода шуда, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вазифадор гардиданд, ки барои ҳамкории самаранок бо комиссия ва пешниҳоди саривақтии маълумоти зарурӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

 Наврӯз ҶОБИРОВ