13-уми декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ семинари илмӣ-методии назди кафедра зери унвони “Таҳлили ҳолати иқтисодӣ-молиявии корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистондоир гардид.

Нахуст, мудири кафедра Кӯҳзод Шодиев дар бораи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти масъалаҳои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ сухан намуд.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Қутбиддин Муқимов дар бораи рушди иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии ҳукумат ва амнияти озуқавории мамлакатро таъмин мекунад.

Муаллими калони кафедра Н. Шомадова дар мавзуи «Таҳлили ҳолати иқтисодӣ-молиявии корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, қайд намуд, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳидаи он қувваҳои арзони корӣ дар бозори меҳнат ҳамчун омили асосии рушди соҳибкорӣ дар раванди ташаккулёбии иқтидори истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.

Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010500 - омор Хатичамо Сайдалиева бошад, дар бораи нишондиҳандаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва таҳқиқотҳои нархи фурӯши маҳсулот дар бозорҳо, буҷаи хоҷагии хонавода, хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ пешниҳодҳои ҷолиб намуд.

Дар охир профессори кафедра Рустам Раҳматзода ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов барои иштирокчиён оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, масоҳати замини кишти зироатҳои кишоварзӣ, заминҳои корами соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, содироту воридоти маҳсулоти асосии озуқаворӣ ва ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии савдо ва истеъмоли махсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби онҳо таҳлилҳо карданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия