ХОТИРОТИ ҚАҲРАМОНОН ЗИНДА БОД!
Бахшида ба 81-солагии Ғалабаи мардуми шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҳамасола 9-уми май таҷлил мегардад, 7-уми майи соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ таҳти унвони «Хотироти абадмардон - қаҳрамонон зинда бод!» дарси сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.
Нахуст, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Ҷамрод Бобозода иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон низ дар ин ҷанги мудҳиш саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳазорон ҷавонмардони тоҷик ба ҷабҳа рафта, барои ҳимояи озодӣ ва ояндаи наслҳои баъдӣ ҷоннисорӣ намуданд. Бисёре аз онҳо ба Ватан барнагаштанд, вале номи некашон дар хотираи мардум абадан зинда хоҳад монд. Қаҳрамониҳои онҳо намунаи олии ватандӯстӣ, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан мебошанд.
Қайд гардид, ки тибқи баъзе маълумотҳо, 64 нафар ва тибқи маълумоти дигар 69 нафар фиристодагони мардуми тоҷик барои далериву ҷасорат бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардидаанд. Ин нишондиҳанда дар миёни халқияту миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷойгоҳи баланд дошта, боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова зимни суханронӣ таъкид намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 8 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд. Солҳои ҷанг аз Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа сафарбар гардида, тақрибан 100 ҳазор нафари онҳо ба Ватан барнагаштанд. Ҳамчунин, беш аз 45 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ ба ақибгоҳ ва корхонаҳои минтақаҳои гуногуни Иттиҳоди Шуравӣ фиристода шуда буданд.
Сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Сайидалӣ Ҳаитов низ зимни баромади худ зикр кард, ки хизмату ҷонбозиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Собиқадорон ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Аз ҷумла, имсол низ ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Роҳбари давлат 50 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки бо гузашти солҳо аҳамияти Рӯзи Ғалаба кам намегардад, балки бештар эҳсос мешавад. Ин санаи таърихӣ на танҳо ёдоварӣ аз гузашта, балки дарси ибрат барои имрӯз ва фардо мебошад. Таҷлили Рӯзи Ғалаба ҷавононро ба қадршиносии сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng