Тибқи нақшаи чорабиниҳои факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ 6-уми майи соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-26020200 менеҷмент бо ҳамроҳии сарпарасти гурӯҳ Илҳомиддин Неъматов аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Зимни саёҳати фарҳангӣ донишҷӯён бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири фарҳангӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои таърихии миллат аз наздик шинос гардиданд. Ба донишҷӯён толорҳои таърихи қадим, асрҳои миёна, этнография, табиат ва санъати тоҷик муаррифӣ карда шуда, онҳо доир ба мероси ғании фарҳангии кишвар маълумоти муфассал гирифтанд.

Қайд гардид, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар бинои нави замонавӣ ба фаъолият оғоз намудааст, яке аз бузургтарин марказҳои фарҳангиву илмии кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар осорхона зиёда аз 50 толор фаъолият дошта, онҳо дар ҳифз, муаррифӣ ва тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ нақши муҳим мебозанд.

Чунин иқдомҳои фарҳангиву маърифатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги миллӣ раҳнамоӣ менамоянд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия