Рӯзи 7 майи соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии факултети молия ва қарзи ДДМИТ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ташкили муомилоти пулӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ» доир гардид.

Нахуст, муовини якум, муовини ректори донишгоҳ профессор С. Мирсаидов иброз дошт, ки чорабинии мазкур тибқи нақшаи доир намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиюмҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар ДДМИТ бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир мегардад.     

Дар конференсия мутахассисон, олимону донишмандони соҳа ва донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои бозори фондӣ, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, кори бонкӣ ва молия иштирок намуданд.  

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди молиявӣ ва фаъолияти биржавии ДДМИТ Шариф Раҳимзода дар мавзуи «Рақамикунонии ҳисобдорӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, омили таъмини шаффофият дар фаъолияти бонкҳо» баромад кард.

Номбурда вобаста ба мубрамии мавзуъ қайд намуд, ки масъалаҳои рақамикунонии ҳисобдорӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар шароити муосир омили муҳими таъмини шафофият дар бонкҳо ба ҳисоб меравад.

Мушкилиҳои рақамикунонии ҳисобдорӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нокифоягии инфрасохтори рақамӣ, сатҳи нокифояи рақамикунонӣ, нокифоягии маърифати молиявӣ, набудани низоми пайвастагӣ бо сохторҳои давлатӣ, мушкилиҳои таъмини амнияти иттилоотӣ ва нарасидани мутахассисони баландихтисос мебошад.

Маърузаи директори пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод дар мавзуи «Барномаи буҷет: гузаштан аз тақсимоти захираҳо ба идоракунии натиҷаҳо» шунида шуд.

Зимни баромади худ диққати асосӣ ба равандҳои асосии идораи молия дода шуда, қайд кард, ки дар шароити рушди иқтисодиёти муосир ва афзоиши талаботи ҷомеа ба самаранокии хароҷоти давлатӣ, зарурати истифодаи усулҳои нави идоракунии молияи давлатӣ ба миён омадааст. Яке аз чунин усулҳои пешрафта буҷетикунонии барномавӣ мебошад. Ин низом аз усули анъанавии тақсимоти маблағҳо фарқ дошта, диққати асосиро ба натиҷа ва самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ равона месозад. Айни ҳол моро зарур аст, ки аз тақсимоти маблағ ба идоракунии натиҷаҳо гузарем.

Дар идомаи маъруза ба ҳозирин мисолҳои мушаххас оварда афзуд, ки масалан, агар ба соҳаи маориф маблағ ҷудо гардад, танҳо маблағгузории мактабҳо муҳим нест, балки беҳтар шудани сифати таълим, баланд шудани сатҳи дониш ва фарогирии хонандагон низ бояд ҳамчун натиҷа арзёбӣ шавад.

Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи тадқиқотии иқтисодии Қирғизистон ба номи М. Рискулбеков Ишенов Бейшенбек Чонмурунович дар мавзуи «Устувории пули миллӣ: аҳамият ва зарурати он дар ҷаҳони муосир» баромад кард.

Номбурда афзуд, ки яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ устувории пули миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои нигоҳ доштани он ҳамкории самараноки давлат, бонкҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ зарур аст. Танҳо дар сурати татбиқи сиёсати оқилонаи иқтисодӣ ва рушди истеҳсол метавон муваффақ шуд.

Дар қисмати музокира профессор С. Мирсаидов, профессори кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ Д. Давлатзода, профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ Б. Сафаров ва декани факултети молия ва қарзБ.  Ҷурахонзода иштирок намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия