ТАНЗИМ - БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ санаи 7-уми майи соли равон дар арафаи 81-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ бар фашизм дар доираи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар мавзуи “Танзим-баракати зиндагӣ” дарси тарбиявӣ-сиёсӣ гузаронида шуд.
Дарси тарбиявӣ-сиёсиро эдвайзер оид ба таълими факултет Эраҷи Маҳмад оғоз бахшида, иброз дошт, ки бо вуҷуди пешрафти илму техника ва таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳифз ва нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ аҳамияти калон дорад. Имрӯз бисёр арзишҳои миллӣ зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор мегиранд. Агар мо ба онҳо беаҳамият бошем, хатари гум кардани ҳувияти миллӣ ба миён меояд. Аз ин рӯ, ҳар инсони худшинос, махсусан ҷавонон, бояд анъанаҳои миллии худро омӯзанд, эҳтиром гузоранд ва ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
- Дар баробари ин, - афзуд номбурда, - бояд бархе урфу одатҳо ба талаботи замон мутобиқ гарданд. Он анъанаҳое, ки ба рушди ҷомеа мусоидат мекунанд, нигоҳдорӣ шуда, вале он қисме, ки ба пешрафт халал мерасонанд, тадриҷан ба замона мувофиқ гардонда шаванд. Ин раванд ба нигоҳ доштани тавозуни байни анъана ва навоварӣ мусоидат мекунад.
Дар ҳамин ҳол, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова перомуни мавзуи матраҳ баромад намуда, изҳор дошт, ки таҷрибаи амалии қонунҳо дар ин самт собит месозанд, ки сатҳи маърифатнокии аҳолӣ нисбат ба расму оинҳо марҳила ба марҳила боло рафта, мардум тадриҷан хурофотро аз анъанаҳои воқеан муҳим фарқ мекунанд. Ин раванд ба барқарор гардидани баробарӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа низ мусоидат намудааст.
Дар зимн мавсуф афзуд, ки қонуни танзим на танҳо ба коҳиш ва аз байн бурдани исрофкорӣ, балки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги иҷтимоии шаҳрвандон низ равона гардида, дар ин самт хеле пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Набояд сарфи назар кард, ки маҳз аз баракати ҳамин қонун имрӯз дар ҷомеа ташаккули тарзи ҳаёти сарфакорона ва масъулияти шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам омадааст. Ин аст, ки қонун ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ аҳамияти хоса медиҳад.
Дар натиҷаи татбиқи қонун муносибати ҷомеа ба баргузории маъракаҳо тағйир ёфта, сатҳи исрофкорӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Имрӯз шаҳрвандон кӯшиш мекунанд, ки маъракаҳоро дар доираи имкониятҳои худ ва бо риояи талаботи қонунгузорӣ баргузор намоянд.
“Танзим маънои маҳдуд намудани арзишҳои фарҳангиро надорад, балки онҳоро ба шароити муосир мутобиқ месозад ва аз зиёдаравӣ пешгирӣ мекунад”, - иброз дошт дар хотимаи суханонаш Шаҳноза Ғафорова.
Сардори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибов зимни баромади хеш гуфт, киар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва маърифати ҷавонон аҳамияти хосса дорад.
- Ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ дода нашаванд ва баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошанд. Ҳар як ҷавонро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият ва пешрафти кишвар саҳмгузор бошад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ҷомеаи солим, устувор ва пешрафтаро бунёд намуд, - иброз намуд С. Ҳабибов.
Дар идомаи машғулият мудири кафедраи менеҷменти факултети мазкур Илҳомиддин Неъматов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мавзуи дигари дарси тарбиявӣ-сиёсӣ - баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ ҷалб намуда, изҳор дошт, маҳз муттаҳидии халқҳои пасошӯравӣ ғалабаи онҳоро бар фашизм таъмин сохт, ки дар ин пирӯзӣ саҳми тоҷикон низ беназир аст. Ёдоварӣ гардид, ки ин ҷанги хонумонсӯз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 55 миллион нафарро рабуд ва миллионҳо нафари дигарро бо азобу шиканҷа гирифтор кард. Аз рӯзҳои аввали ҷанг сар карда, намояндагони 120 миллат барои мудофиаи Ватан бархостанд, ки мардуми сарафрози тоҷик ҳам дар қатори онҳо буд.
Дар ҷараёни дарси сиёсӣ-тарбиявӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng