Дар асоси нақшаи кории кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, санаи 28 октябри соли равон дар толори китобхонаи илмии донишгоҳ бо иштироки кормандони раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010402 - кори бонкӣ дар мавзуи «Шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров муҳимтарин сарчашмаи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ» дарси сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид. Дарсро ассистенти кафедра Сорбон Шарбатов роҳбарӣ намуд.

Нахуст, сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Исматулло Ҷумаев суханронӣ намуда, оид ба арзиши бузурги илмӣ ва таърихии асари бунёдии академик Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» ибрози андеша кард. Зикр гардид, ки ин олими барҷаста бо заҳмати чандинсолаи худ ҷомеаи ҷаҳониро бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи миллати тоҷик ошно намудааст.

Сипас, сарпарасти гурӯҳ Сорбон Шарбатов дар мавзуи мазкур баромад намуда, таъкид кард, ки соли 1972 асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» ба нашр расида, зуд мавриди таваҷҷуҳи аҳли илму фарҳанг қарор гирифт. Академик барои таълифи ин шоҳасар, ки ҳамчун шиносномаи таърихии миллати тоҷик эътироф шудааст, заҳмати зиёд кашидааст.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни таҳқиқу таълифи ин асари бунёдӣ муаллиф бо мушкилоту монеаҳои гуногун рӯ ба рӯ гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2008 нақши таърихии ин асарро баҳои баланд дода, чунин таъкид намуда буданд: «Китоби “Тоҷикон” шуълае буд, ба саҳифаҳои торики таърихи миллати тоҷик рӯшанӣ андохт».

Бояд тазаккур дод, ки академик Бобоҷон Ғафуров ҳангоми таълифи шоҳасари худ беш аз ду ҳазор сарчашмаи дохиливу хориҷӣ, асарҳои илмӣ, монографияҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои таҳқиқотиро мавриди омӯзиш ва истифода қарор додааст. Китоби «Тоҷикон» дар баробари асарҳои безаволи адабию таърихии ниёгон, аз қабили «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абубакри Наршахӣ ва «Сиёсатнома»-и Низомулмулк ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳимми худшиносии миллӣ ва муаррифгари таъриху тамаддуни халқи тоҷик барои наслҳои имрӯзу оянда аҳаммияти бузург дорад.

Ҳадафи асосии академик Бобоҷон Ғафуров аз таълифи ин асари бунёдӣ ва дигар таҳқиқоти илмии худ ба ҷаҳониён собит намудани ҳақиқати таърихӣ буд, ки халқи тоҷик яке аз миллатҳои қадимаи ҷаҳон буда, дар ташаккул ва рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди зиёд ба нашр расида, ба таври ройгон ба ҳар як оилаи кишвар тақдим карда шуд. Ин иқдоми муҳим дар самти таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муассир гузошт.

Дар идомаи дарси сиёсӣ-тарбиявӣ иштирокчиён вобаста ба аҳаммияти таърихию илмии китоби «Тоҷикон» ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ саволҳои худро пешниҳод намуданд. Ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА