ДОНИШҶӮЁН АЗ ҚАЛЪАИ ҲИСОР ДИДАН НАМУДАНД
Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 27 октябри соли равон як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳ таҳти роҳбарии сармутахассиси раёсат Исматулло Ҷӯмаев аз ёдгории таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор дидан намуданд.
Бояд қайд кард, ки Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ба ҳисоб рафта, яке аз ёдгориҳои нодири таърихии кишвар мебошад. Ин ёдгорӣ дар масофаи тақрибан 5 километр аз маркази шаҳри Ҳисор ҷойгир буда, таърихи беш аз дувунимҳазорсола дорад.
Қалъаи Ҳисор ҳамчун ёдгории дорои аҳаммияти бузурги таърихию фарҳангӣ ва илмӣ барои донишҷӯён, муҳаққиқон ва дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ имконияти мусоиди омӯзиши ҳамаҷонибаи гузаштаи пурғановати халқи тоҷикро фароҳам меорад.
Чунин боздидҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати таърихии ҷавонон, тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамоянд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng