ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРӢ ВА СОҲИБКОРИИ ДЕҲНАВ
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамкориҳои илмӣ-таълимиро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон густариш дода, барои рушди табодули академӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду кишвар иқдомҳои судмандро амалӣ менамояд.
Дар ин замина, аз 26 то 30 октябри соли 2026 ҳайати Донишкадаи омӯзгорӣ ва соҳибкории Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи шартномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро Кимиёхон Турабоева - мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ, Наврӯз Зиёдуллаев ва Абдушукур Юлдошев - омӯзгорони кафедраи иқтисоди рақамӣ, инчунин шаш нафар донишҷӯёни донишкадаи мазкур ҳадафи асосии ташрифро таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули таҷрибаи касбӣ, шиносоӣ бо имкониятҳои таълимию илмии донишгоҳ ва гузаронидани таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддати донишҷӯён дар самти сайёҳӣ арзёбӣ карданд.
Дар оғоз вохӯрии намояндагони муассисаи ҳамкор бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров, сардори раёсати таълим Шуҳрат Сулаймонзода ва декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилаӣ Садриддин Шарифзода баргузор гардида, зимни он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимию илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот ба намояндагони донишгоҳи ҳамкор туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳои мавҷуда дар оянда боз ҳам тақвият ёфта, барои рушди илму маорифи ҳар ду кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Дар идомаи барномаи ташриф меҳмонон бо шароити таълиму таҳсил ва имкониятҳои инфрасохтории ДДМИТ шинос шуданд. Онҳо аз утоқҳои таълимӣ, осорхона ва озмоишгоҳҳои таълимии донишгоҳ боздид намуда, бо шароити фароҳамовардашуда барои ташкили раванди таълим, таълиму тарбияи донишҷӯён ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ аз наздик шинос гардиданд.
Қисмати муҳими барномаи ташрифро баргузории машғулиятҳои таълимӣ ва табодули таҷрибаи амалӣ дар самти сайёҳӣ ташкил дод. Бо иштироки доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермуҳаммад Ҷонмаҳмадов ва муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ Нилуфар Ақдодова барои гурӯҳи сайёҳии байналмилалӣ дарси таълимӣ доир гардид.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng