ОМОДАСОЗИИ МЕНЕҶЕРОНИ КАСБӢ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалӣ 28-уми октябри соли равон дар толори таълимии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз ҷониби дотсенти кафедраи менеҷмент Саиднисо Қосимова аз фанни «Психологияи идоракунӣ» дар мавзуи «Раванди омодагардии мененҷери касбӣ: аз назария то амалия» дарси амалии намунавӣ доир гардид.
Саидниссо Қосимова ҳангоми баромад дар самти таҳкими донишҳои назариявӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва суханронӣ, инчунин, ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён аҳамияти муҳим дошта, барои омодасозии менеҷерони соҳибкасб баромади пурмуҳтаво намуданд.
Баъдан донишҷӯён Фирӯз Бӯриқулов, Қобил Шарипов ва Суҳайлӣ Ҳалимов оид ба хусусиятҳои ташаккули менеҷери касбӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ, усулҳои самараноки идоракунӣ ва аҳамияти татбиқи донишҳои назариявӣ дар фаъолияти амалӣ маълумот пешниҳод карданд.
Муовини декани факултет оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Орифҷон Фозилзода аҳамияти баргузории чунин дарсҳоро дар баланд бардоштани сифати таълим, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯён таъкид намуда, ба масъалаи омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Дар фарҷом аз номи садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ба дотсент Саидниссо Қосимова барои ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар ташкили дарси амалии намунавӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ карда шуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng