КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ҶАВОНОН
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарғиби арзишҳои конститутсионӣ 9-уми ноябри соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия - кафили ҳуқуқу озодиҳои ҷавонон ва заминаи таҳкими давлатдории миллӣ: нақши иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон» доир гардид.
Дар кори конференсия муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, роҳбари дастгоҳи раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода, намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Конференсияро муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ифтитоҳ намуда, оид ба ҷойгоҳ ва аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду камолоти ҷавонон ибрози андеша намуданд.
Сипас, роҳбари дастгоҳи раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода доир ба мавзуи конференсия суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон имкониятҳои васеъро ҷиҳати таҳсил, зиндагӣ, интихоби касб, касбомӯзӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа фароҳам овардааст.
Ҷавонон бояд ба қадри чунин имкониятҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ расида, аз онҳо самаранок истифода баранд. Зеро донишандӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, риояи қонунҳо ва эҳсоси масъулият дар назди давлату миллат аз омилҳои муҳими ташаккули насли огоҳу созанда ба шумор мераванд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конференсия нақши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар муттаҳидсозии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҷалби насли ҷавон ба корҳои ҷамъиятиву созандагӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона, фаъолияти намунавӣ ва саҳми арзанда дар корҳои ҷамъиятӣ Самариддин Шоҳназар, эдвайзер оид ба тарбияи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, Ҳошим Бобозода, донишҷӯи факултети молия ва қарз ва Руфина Аминова, донишҷӯи факултети ҳисобдорӣ ва омор бо Ифтихорномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Иштирокчиён зимни муҳокимаҳо таъкид намуданд, ки донистану риоя кардани меъёрҳои Конститутсия, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарки ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонбинии ҳар як ҷавон бошад.
Савринисо ДАВЛАТОВА,
муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng