Дар доираи татбиқи лоиҳае, ки бо дастгирии бевоситаи Фонди «Русский мир» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалӣ мегардад, 9-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Ҷаҳонгир Худойбердиев ва мудири кафедраи забони русӣ Гулшан Наврӯзова таҳти унвони «Ягонагӣ тавассути саҳифаҳои кӯдакӣ» озмун доир гардид. Дар он донишҷӯёни ҳаводори забон ва фарҳанги рус иштирок намуданд.

Озмунро Ҷаҳонгир Худойбердиев ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди шавқу рағбати кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба китобхонӣ, тарғиби адабиёти бачагонаи рус, шиносоӣ бо мероси адабии адибони классик, рушди қобилиятҳои зеҳниву эҷодӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстиву фарҳангӣ миёни намояндагони миллатҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.

Гулшан Наврӯзова бошад, таъкид намуд, ки нақши забони русӣ дар ҷаҳони муосир рӯз то рӯз меафзояд. Ин омил аз омӯзгорони забони русӣ тақозо менамояд, ки нисбат ба касби худ ва ояндаи донишҷӯён масъулияти бештар эҳсос намуда, бо истифода аз усулҳои гуногуни муосиру инноватсионии таълим онҳоро ба омӯзиши амиқи забон ҷалб созанд. Зеро забони русӣ яке аз забонҳои серистифодаи муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, тавассути он метавон аз сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет, маълумоти заруриро оид ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи муосир дастрас намуд.

Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронӣ, китобхонаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои техникию таълимӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд.

Бо мақсади огоҳ намудани доираи васеи хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии намояндагони барҷастаи адабиёти бачагонаи рус, аз ҷумла Корней Чуковский, Агния Барто ва Самуил Маршак, инчунин ҷалби ҳарчи бештари довталабон ба лоиҳа, корҳои иттилоотию таблиғотӣ низ ба роҳ монда шуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзиши асарҳое равона гардид, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи сифатҳои неки ахлоқӣ, аз қабили дӯстӣ, меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба атрофиён нақши муҳим доранд.

Дар идомаи чорабинӣ устодони кафедраи забони русӣ Нилуфар Раҳмонова ва Ҷумъа Махшул низ суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ андешаҳои судманд баён карданд.

Ба андешаи баромадкунандагон, омӯзиши забони русӣ ба рушди тафаккур, қобилияти таҳлилу хулосабарорӣ ва қабули қарорҳои дуруст мусоидат намуда, сатҳи худшиносӣ, эътимод ба нафс ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ мегардонад. Аз ин рӯ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ташаккули шахсияти комил низ аҳаммияти бузург дорад.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни зиёд фаъолона иштирок намуда, дар баробари ҳадафҳои маърифативу фарҳангӣ, барои такмили малакаҳои нутқ, рушди қобилияти муошират ва баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА