МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА
7-уми ноябри соли равон бо ибтикори кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ семинари илмии донишгоҳӣ дар мавзуи «Маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Семинарро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода оғоз намуда, доир ба аҳаммияти масъалаи маъмурикунонии андоз ва зарурати такмили низоми андозбандӣ дар шароити муосир ибрози назар кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030»-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд. Сарвари давлат зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон таъкид карданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» ба таҳкими устувории молияи давлатӣ, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, ташаккули низоми муосир ва рақамии маъмурикунонии андоз, инчунин баланд бардоштани дониш, малака ва сатҳи касбияти кормандони мақомоти андоз мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025» то имрӯз ҷиҳати таҳкими низоми маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва рушди иқтисоди рақамӣ як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Сипас Қосимҷон Ҷалилзода, муовини сардори департаменти рушди корпоративии ҶСП «Оксус капитал инвестмент» дар мавзуи «Маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, бо истифода аз тахтаи электронӣ самтҳои асосии такмили низоми маъмурикунонии андозро шарҳу тавзеҳ дод.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ рақамикунонии пурраи равандҳои маъмурикунонии андоз, густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, содагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, коҳиш додани тамоси мустақими кормандони мақомоти андоз бо андозсупорандагон, рушди хизматрасониҳои фосилавӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳо, истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва ба роҳ мондани табодули электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки солҳои охир номгӯйи модулҳои барномавии Системаи иттилоотии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз мунтазам васеъ карда мешавад. Дар натиҷаи ин раванд барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон зиёда аз 50 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шуда, беш аз 60 намуди хизматрасонии электронии андоз ҷорӣ гардидааст.
Дар музокира мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта Баҳодур Ҷурахонзода баромад намуда, яке аз натиҷаҳои муҳими татбиқи барномаро дар густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ арзёбӣ кард. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои андозӣ вақт ва хароҷоти шаҳрвандону андозсупорандагон сарфа гардида, сифати хизматрасониҳо беҳтар карда шавад.
Ҳамзамон, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва низоми идоракунии хавфҳо ба беҳтар гардидани идоракунии захираҳои андозӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҷамъоварии андоз мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷоми семинари илмии донишгоҳӣ саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои мубрами маъмурикунонии андоз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng