“КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ОМИЛИ РУШДИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН”
4 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Конститутсия - кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону муҳаққиқон, роҳбарияти донишгоҳ, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуда, атрофи аҳамияти таърихию сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон андешаронӣ карданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ҳамоишро ифтитоҳ намуда, нахуст арзи сипосу қадрдонии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва саҳмгузорӣ дар баргузории чунин чорабинии муҳими илмию маърифатӣ расонид.
Мавсуф дар маърӯзаи худ ба ҷойгоҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки қабули ин санади тақдирсоз дар таърихи навини кишвар марҳилаи сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, баҳри бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Зикр гардид, ки Конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки ифодагари иродаи сиёсӣ, ормонҳои таърихӣ ва ҳадафҳои стратегии халқи Тоҷикистон мебошад. Маҳз дар заминаи меъёрҳои он низоми муосири давлатдорӣ ташаккул ёфта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд.
Дар идомаи суханронӣ Одилзода Дилбар Раҳим аз талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва такмили Конститутсия ёдовар шуда, нақши роҳбари давлатро дар татбиқи ормонҳои миллии давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, мавсуф оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат дар пойтахти кишвар сухан ронда, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро дар самти ободонӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мавриди таҳлил қарор дод.
Дилбар Одилзода таъкид намуд, ки тамоми иқдомоти созанда бояд дар доираи меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории кишвар амалӣ гардида, ба ҳифзи манфиатҳои ҷомеа, таъмини зиндагии шоиста ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ равона шаванд.
Дар ин замина, мафҳум ва муҳтавои Дебочаи Конститутсия низ мавриди таваҷҷуҳи нотиқ қарор гирифт. Ба таъкиди маърӯзачӣ, ибораи «Мо, халқи Тоҷикистон...» танҳо оғози матни Қонуни асосӣ набуда, ифодагари ваҳдати сиёсӣ, масъулияти муштараки шаҳрвандон дар назди давлат ва иродаи ягонаи миллат барои бунёди ҷомеаи озоду пешрафта мебошад. Маҳз ҳамин ғояи муттаҳидсозанда метавонад ҳамчун яке аз меҳварҳои асосии идеяи миллии мо хизмат намояд.
Дар фарҷоми маърӯзаи худ муовини Раиси шаҳри Душанбе ба масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки шинохти Конститутсия, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи қонун ва дарки ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ аз муҳимтарин омилҳои ташаккули насли худогоҳу ватандӯст ба шумор мераванд.
Сипас, тибқи тартиби баргузории конференсия, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ба сухан баромад.
Ректори донишгоҳ нахуст ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таваҷҷуҳ ва ташаббуси баргузории конференсияи мазкур дар заминаи муассисаи таълимӣ изҳори миннатдории самимии раёсати донишгоҳро баён намуда, зикр кард, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмию маърифатӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.
Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор зимни суханронии худ ба пояҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ, моҳияти Конститутсия ҳамчун раҳнамои зиндагии ҷомеа ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мазмуну муҳтавои як қатор меъёрҳои бунёдии онро шарҳ дод.
Аз ҷумла, мавсуф ба моҳияти моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда, хусусиятҳои асосии давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ тавзеҳ дод. Ҳамчунин, бо шарҳи моддаи 5 иброз дошт, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, эътироф, риоя ва ҳифзи онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат маҳсуб меёбад.
Ба андешаи ректори донишгоҳ, ин меъёрҳо моҳияти инсонмеҳварии Конститутсияро бозгӯ намуда, самти асосии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро муайян мекунанд. Аз ин рӯ, донистани Қонуни асосӣ, эҳтиром ба меъёрҳои он ва дар амал татбиқ намудани талаботи қонунгузорӣ бояд ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд бошад.
Дар идома Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ба ду рӯйдоди муҳими таърихӣ: 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 -солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ишора намуда, ҳамоҳангӣ ва пайванди маънавию таърихӣ доштани ин санаҳоро бо Конститутсия таъкид кард.
Зикр гардид, ки агар Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди кишвар имконият фароҳам оварда бошад, пас, Конститутсия, заминаи ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии ташаккулу таҳкими ин давлатдориро муайян намуд. Дар чунин шароит таъсис ва рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, низ ба раванди бунёди низоми нави иҷтимоию иқтисодӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос иртиботи ногусастанӣ дорад.
Ректори донишгоҳ суханронии худро бо таманниёти нек ба иштирокчиёни конференсия, сулҳу суботи пойдор, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими давлатдории миллӣ ҷамъбаст намуд.
Яке аз бахшҳои ҷолибу пурмуҳтавои конференсия суҳбати озоди доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмоилов Шавкат Маҳмудович буд, ки бевосита дар таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Ӯ бо такя ба таҷрибаи шахсӣ ва хотироти таърихӣ дар бораи марҳилаҳои таҳия, муҳокима ва қабули Қонуни асосӣ, фазои сиёсию иҷтимоии он давра ва мушкилоти пешомада маълумоти арзишманд пешниҳод кард.
Профессор Шавкат Маҳмудович нахуст аз вазъи мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар чунин шароити ҳассос таҳия ва қабули Конститутсияи нав аз иродаи қавӣ, ҷасорат, дурандешӣ ва масъулияти бузурги сиёсӣ тақозо мекард. Ба таъкиди ӯ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ниҳоят муҳим буда, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат заминаҳои ҳуқуқии давлатдории муосири тоҷикон таҳким ёфтанд.
Шавкат Маҳмудович раванди муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияро яке аз марҳилаҳои муҳими ташаккули иродаи умумихалқӣ арзёбӣ карда, аз пешниҳоду дархостҳои сершумори шаҳрвандон ёдовар шуд. Ба гуфтаи мавсуф, дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳа ва омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ беш аз 8500 дархосту пешниҳод ворид гардида, бо дастури Пешвои миллат ҳамаи онҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Ин раванд, ба андешаи ӯ, далели равшани иштироки фаъоли мардум дар муайян намудани асосҳои ҳуқуқии давлат ва ифодаи иродаи халқ дар Қонуни асосӣ мебошад.
Нотиқ ҳамчунин оид ба эътибору мақоми байналмилалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, аз арзёбиҳои баланд ва ҷойгоҳи он дар байни конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳон ёдовар шуд. Мавсуф таъкид кард, ки аҳамияти Конститутсия танҳо бо муайян намудани сохтори давлат ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳдуд намешавад. Он ҳамчун модели арзишҳои рушди давлатдории миллӣ, низоми ягонаи ҳуқуқӣ ва заминаи таҳкими қонунияту қонунсолорӣ хизмат мекунад.
Ба таъкиди ӯ, дар шароити муосир ташаккули мактаби миллии қонунгузорӣ, такмили пайвастаи низоми ҳуқуқӣ ва риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Суҳбати профессор Исмоилов Шавкат Маҳмудович, ки бо овардани далелҳои таърихӣ, хотироти шахсӣ ва таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ сурат гирифт, барои иштирокчиён, бахусус донишҷӯён, имконияти хуби шиносоӣ бо таърихи таҳияи яке аз муҳимтарин санадҳои давлатдорӣ фароҳам овард.
Дар ин росто, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қувватова Шукрона дар мавзуи сиёсати иҷтимоии давлат ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба дастгирии ҷавонон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ баён кард.
Ӯ бо таъкид бар он ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд, изҳор дошт, ки дар шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат ҳар як ҷавон бояд барои азхуд намудани дониш, касбомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан талош намояд.
Дар ҳақиқат, иштироки донишҷӯён дар чунин чорабиниҳои илмию маърифатӣ барои пайвастани донишҳои назариявӣ ба воқеияти зиндагӣ, ташаккули мавқеи шаҳрвандӣ ва дарки амиқи арзишҳои давлатдории миллӣ мусоидат мекунад.
Дар фарҷоми ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим бори дигар ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва такмили Конститутсия таваҷҷуҳ намуда, саҳми Сарвари давлатро дар ташаккули аркони давлатдории миллӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҷомеаи соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ кард.
Мавсуф изҳори итминон кард, ки Конститутсия дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун санади меҳварии ҳуқуқӣ барои пешрафти ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат намуда, татбиқи пайгиронаи меъёрҳои он шарти муҳими рушди устувори кишвар мебошад.
Дар қисмати ҷамъбастии конференсия музокираҳои озод баргузор гардида, иштирокчиён атрофи масъалаҳои марбут ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ андешаву пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва ҳамроҳонаш аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки воқеан ҳам конференсияи мазкур бори дигар собит сохт, Конститутсия танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ ё санади танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ набуда, он шиносномаи давлат, таҷассумгари иродаи халқ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва раҳнамои рушди ҷомеаи соҳибистиқлол мебошад. Арҷгузорӣ ба ин санади тақдирсоз, омӯзиши амиқи мазмуну муҳтавои он ва татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ бояд ба як ҷузъи муҳими тафаккури шаҳрвандӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҳар як сокини кишвар табдил ёбад.
Зеро ояндаи устувори давлат на танҳо ба мукаммалии қонунҳо, балки пеш аз ҳама ба эҳтироми онҳо, сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа дар назди Ватан вобаста аст.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng