Санаи 27 октябри соли равон бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯёни факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ бахшида ба 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Конститутсия - пояи давлатдории миллӣ» доир гардид.

Нахуст декани факултет Мастура Бӯризода иброз намуд, ки Конститутсия муҳимтарин ва тақдирсозтарин ҳуҷҷат дар таърихи навини Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии ташаккул ва рушди давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро фароҳам овардааст. Маҳз Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ, фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатиро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Давлатҷон Ҳукматов дар мавзуи «Конститутсия - кафили ҳуқуқу озодиҳо ва пояи давлатдории миллӣ» баромад намуда, таъкид кард, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, низоми идоракунӣ ва заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат ба миён омад. Дар ин замина, қабули санади олии ҳуқуқие зарур буд, ки ҳадафҳои давлат, принсипҳои асосии давлатдорӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандонро муайян намояд. Чунин санад Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Хуршед Давлатов иброз дошт, ки Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи миллат, санади тақдирсоз ва кафили пойдории давлатдорӣ ба шумор меравад. Он барои татбиқи ҳадафҳои созандагию бунёдкорӣ ва пешрафти устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар фарҷоми дарси кушоди тарбиявӣ зарурати эҳтиром ва риояи Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ таъкид гардид.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА