ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДДМИТ ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ
24 октябри соли ҷорӣ дар бинои КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзуи «Рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва муаррифии платформаҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ» доир гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муаррифии сиёсати давлатии соҳаи кишоварзӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати рақамии ҷавонон, инчунин ҷалби онҳо ба истифодаи усул ва технологияҳои муосир дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор шуда, аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҷаҳонии озуқа ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. Семинар дар доираи лоиҳаи «Ҷалби ҷавонони хоҷагиҳои хурди фермерӣ тавассути истифодаи технологияҳои кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот» роҳандозӣ гардид.
Дар кори семинар роҳбарият ва намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ», Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Гурӯҳи дастгирии техникии кишоварзӣ, ТҶ «Нексигол Мушовир», ТҶ «Муносибатҳои иқтисодии тиҷорати миёнмарзӣ», кооперативи «Сароб», намояндагии Каритас Швейтсария дар Тоҷикистон, намояндагони бахши хусусӣ, мутахассисони соҳа ва беш аз 70 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар ҷараёни семинар муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода дар мавзуи «Рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва муаррифии платформаҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ» баромад намуда, оид ба аҳаммияти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, истифодаи имкониятҳои платформаҳои муосир ва нақши инноватсия дар рушди соҳаи кишоварзӣ андешаронӣ кард.
Зимни семинар масъалаҳои ташаккул ва рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои истифодаи технологияҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотии соҳавӣ, муаррифии платформаҳои рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд муҳокима шуданд.
Чорабинӣ барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани дониш ва малакаҳои рақамии ҷавонон, таҳкими ҳамкориҳо байни сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, инчунин ҷалби бештари ҷавонон ба равандҳои инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng