Дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ суҳбати тарбиявӣ дар мавзуи «Ҳушёрии сиёсӣ, илму маърифат ва тарбияи оилавӣ - омили муқовимат ба терроризм, экстремизм ва одамрабоӣ» доир гардид.

Зимни суҳбат омӯзгорон доир ба моҳият ва оқибатҳои хатарноки терроризм, экстремизм ва одамрабоӣ, роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот маълумот пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва санҷидани дурустии маълумот аҳаммияти хос дорад. Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд мавриди истифодаи гурӯҳҳои ифротӣ қарор гирифта, ҷавононро бо маълумоти бардурӯғ, даъватҳои шубҳанок ва ваъдаҳои фиребанда гумроҳ созанд.

Ҳамзамон, масъалаи пешгирии одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, қабули пешниҳодҳои корӣ ва муошират бо шахсони ношинос эҳтиёткор бошанд, маълумоти пешниҳодшударо санҷанд ва дар ҳолатҳои шубҳанок бо падару модар, омӯзгорон ё мақомоти дахлдор машварат намоянд.

Дар идомаи суҳбат нақши илму дониш, тарбияи дурусти оилавӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар пешгирии зуҳуроти номатлуб махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи ҷавонони худогоҳу ватандӯст, масъулиятшинос ва дорои тафаккури солим нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён ба омӯзиши пайвастаи илм, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ, эҳтироми падару модар ва устодон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот даъват карда шуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия