Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 2 ноябри соли равон дар толори таълимии донишгоҳ бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯёни факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дарси сиёсӣ-идеологӣ таҳти унвони «Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардид.

Нахуст, декани факултет Илҳомиддин Неъматов суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсия ҳамчун санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ мақоми махсус дорад. Маҳз дар заминаи меъёрҳои он пояҳои давлатдории миллӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд ташаккул ёфта, асосҳои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар муайян гардидаанд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсия на танҳо сохтор ва шакли идоракунии давлатиро муайян менамояд, балки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои байни давлату шаҳрвандонро дар заминаи меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим мекунад. Ҳарчанд қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави давлатдории тоҷикон рост меояд, таърихи ташаккули ғояҳо ва арзишҳои конститутсионӣ дар кишвар собиқаи тулонӣ дорад.

Сипас, ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Савриддин Ятимов баромад намуда, оид ба таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба таҳия, таҳким ва такмили заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ибрози назар кард.

Мавсуф таъкид намуд, ки яке аз муҳимтарин масъалаҳои даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба сулҳу субот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ буд. Дар ин замина, суханони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард» ҳамчун ифодагари иродаи сиёсӣ ва масъулияти бузург дар назди миллату давлат арзёбӣ гардиданд.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ Фахриддин Шамсов, устоди кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, баромад намуда, дар бораи нақш ва аҳаммияти Конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа андешаронӣ кард.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки маҳз бо талошу фаъолияти пайгиронаи роҳбарияти давлат ва қабули қарорҳои тақдирсоз дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи навини кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа таъмин гардида, заминаи устувори рушди минбаъдаи Тоҷикистон фароҳам оварда шуд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА