НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ
2 ноябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Чорабиниро декани факултет Садриддин Шарипов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсия муҳимтарин санади тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро фароҳам овардааст.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаноза Ғафорова дар баромади худ иброз дошт, ки Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки асоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Он сарчашмаи низоми ҳуқуқии миллӣ ва кафили таъмини адолат, баробарӣ ва арзишҳои демократӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар идома зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисоди миллӣ низ нақши калидӣ дорад. Он бо муайян намудани шаклҳои гуногуни моликият, кафолати озодии фаъолияти иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликият ва муқаррар намудани асосҳои сиёсати иқтисодии давлат заминаи устувори ҳуқуқии рушди иқтисоди миллиро фароҳам меорад. Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ рушди иқтисоди бозорӣ, рақобати солим ва ташаббускории соҳибкорӣ таъмин гардида, барои пешрафти устувори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров зимни баромади худ ба таърихи ташаккул ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Конститутсияи қаблии кишвар, бо вуҷуди доштани заминаи муайяни ҳуқуқӣ, ба талаботи замони соҳибистиқлолӣ ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон пурра ҷавобгӯ набуд. Аз ин рӯ, зарурати таҳияи Конститутсияи нав ба миён омад.
Ба гуфтаи мавсуф, дар раванди фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуда буданд, ки санади таҳияшаванда бояд хусусияти мардумӣ дошта, омили муттаҳидсозии ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ гардад. Раванди таҳия ва баррасии лоиҳаи Конститутсия хеле мураккаб буда, бо баҳсу муҳокимаҳои зиёд сурат гирифтааст. Дар натиҷа, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Сайфулло Сафаров ҳамчунин иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон баёнгари арзишҳои волои инсонӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф менамояд. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини баробарӣ дар назди қонун ва эҳтироми шаъну шарафи инсон аз меҳварҳои асосии ин санади олии ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.
Дар қисмати музокира омӯзгорони факултет низ фаъолона иштирок намуда, доир ба таърихи қабули Конститутсия, моҳияти гуманистӣ ва аҳаммияти ҳуқуқии он, инчунин тағйиру иловаҳои ба ин санади олии ҳуқуқӣ воридгардида андешаронӣ карданд.
Дар маҷмуъ, чорабинии мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат намуда, бори дигар аҳаммияти Конститутсияро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва низоми қонунгузории кишвар собит сохт.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng