Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар факултети молия ва қарз бо донишҷӯёни ихтисоси молия (гурӯҳи В) дар мавзуи «Коррупсия - қувваи харобиовар» дарси сиёсиву тарбиявӣ доир гардид.

Ассистенти кафедраи забони русӣ Равшан Салимов зимни баромади худ моҳияти ин зуҳуроти номатлубро шарҳ дода, қайд кард, ки коррупсия танҳо як масъалаи ҳуқуқӣ нест, балки омилест, ки пояҳои давлатдориро заиф намуда, боварии мардумро ба оянда аз байн мебарад.

«Коррупсия суиистифода аз ваколатҳои хидматӣ барои манфиатҳои шахсӣ мебошад. Он тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифта, монеаи асосии рушди ҷомеа мегардад», - иброз дошт омӯзгор.

Дар равиши дарс таъкид шуд, ки тибқи ҳисобҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор (IMF), фасод ҳамасола ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба андозаи 2-3%-и ММД-и ҷаҳон (тақрибан 2 триллион доллар) зарар мерасонад.

Дар анҷоми дарс роҳҳои мубориза бо ин вабои аср ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.

Барои ояндаи бидуни коррупсия рақамикунонии хадамот, таъмини мустақилияти судҳо ва ҳимояи ифшогарон, риояи шаффофият ва кодексҳои ахлоқӣ, барои шаҳрвандон рад кардани додани пора ва таҳаммулнопазирӣ нисбат ба қонуншиканиҳо зарур дониста шуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия