28-уми апрел дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ семинари илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ дар мавзуи “Нақш ва таъсири рақамикунонӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ” доир гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти факултет, мудирони кафедраҳо, устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисод ва идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ иштирок намуданд.

Сардори шуъбаи мониторинги Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Карими Рустам дар маърузаи худ таъкид дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пояи асосии пешрафти иқтисодиро ташкил медиҳанд. Истифодаи воситаҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки кишвар сатҳи рақобатпазирии худро баланд бардошта, рушди устуворро таъмин намояд.

Мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, дотсент Сунатулло Нуридинов оид ба рақамикунонии соҳаи саноат баромад кард: "Дар асри 21 саноат зери таъсири Инқилоби чорум қарор дорад. Ҷорӣ намудани автоматизатсия ва идоракунии рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва рушди иқтисоди кишвар зарур аст".

Дар қисмати ниҳоии семинар миёни иштирокчиён ва маърузачиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Донишҷӯён ва устодон оид ба мушкилот ва дурнамои ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Чорабинӣ бо пешниҳоди тавсияҳои илмӣ ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба анҷом расид.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА