30 апрели соли 2026 дар озмоишгоҳи гумрукии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ семинари илмӣ-методии кафедраи бехатарии иқтисодӣ дар мавзуи «Истифодаи системаҳои технологияҳои иттилоотии мақомоти гумрук дар таҳлил ва пешгирии бехатарии иқтисодӣ ва озуқаворӣ» доир гардид.

Семинари мазкур бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи бехатарии иқтисодӣ полковники хадамоти гумрук Мирзо Абдуллоев оғоз ёфта, мавсуф иштирокчиён ва меҳмононро барои ҳузур дар ҳамоиши илмӣ хайрамақдам гуфт. Зикр гардид, ки дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ ва густариши технологияҳои муосир, истифодаи низомҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук аҳамияти хоса пайдо намуда, яке аз омилҳои муҳими таъмини бехатарии иқтисодии давлат ба шумор меравад.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатҷон Ҳукматов оид ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 суханронӣ намуд. Мавсуф масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, роҳҳои амалисозӣ ва идоракунии самараноки технологияҳои рақамиро дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи технологияҳои муосир метавонад дар баланд бардоштани самаранокии низоми иқтисодӣ ва таъмини амнияти миллӣ нақши муассир гузорад.

Дар идомаи семинар коршиноси миллии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷорӣ намудани Низоми иттилоотии коркарди маълумотҳои гумрукӣ «АСИКУДА» дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати гумрукӣ Саидҷаъфар Розиев иброз дошт, ки дар шароити муосир бе истифодаи маълумотҳои гумрукӣ дар шакли рамзҳо ва таснифгарҳо дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук таъмини амнияти иқтисодии кишвар ғайриимкон мебошад. Истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имкон фароҳам меорад, ки қоидавайронкуниҳои гумрукӣ, қочоқ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар хавфу таҳдидҳо сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда шаванд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки фаъолияти самараноки мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодии давлат ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши асосӣ дорад. Дар рафти семинар масъалаҳои вобаста ба истифодаи зеҳни сунъӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навини истеҳсолӣ ва истифодаи неруи зеҳнӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш байни иштирокчиён ва коршинос мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои устодони кафедраҳои бехатарии иқтисодӣ ва фаъолияти гумрукӣ посухҳои муфассал ва қаноатбахш пешниҳод карда шуданд.

Қайд гардид, ки дар оянда низ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷалби бештари коршиносони миллӣ ба чунин чорабиниҳои илмӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА