КОРТҲОИ НАҚЛИЁТӢ ИМКОНИ ҚУЛАЙ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН
Дар ДДМИТ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён вохӯрии иттилоотӣ бо намояндаи ширкати «Сити Корт» Нурмуҳаммад Саволов дар мавзуи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбарӣ ва автомобилии истифодаи умумии шаҳри Душанбе» доир гардид. Зимни ҷаласа имкониятҳои низоми пардохти электронии роҳкиро, кортҳои имтиёзнок, корти донишҷӯӣ ва корти солона муаррифӣ шуданд.
Намояндаи ширкат ба иштирокчиён оид ба тартиби истифодаи кортҳои нақлиётӣ, имкониятҳои пардохти электронии роҳкиро ва бартариҳои ин низом маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Истифодаи кортҳои нақлиётӣ пардохти роҳкироро осон ва босуръат намуда, ба мусофирон имкон медиҳад, ки бе истифодаи пули нақд аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
Яке аз масъалаҳои муҳими вохӯрӣ муаррифии кортҳои имтиёзнок, корти донишҷӯӣ ва корти солона буд. Ин навъи кортҳо барои шахсоне, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ мунтазам истифода мебаранд, пешбинӣ гардида, имкон медиҳад хароҷоти нақлиётӣ ба таври самаранок ба нақша гирифта шавад. Барои донишҷӯён, ки ҳамарӯза ба донишгоҳ рафтуомад мекунанд, истифодаи чунин кортҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ низ мувофиқ мебошад. Зеро ин ба сарфаи маблағ ва дуруст ба роҳ мондани буҷаи донишҷӯён мусоидат менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ намояндаи ширкати «Сити Корт» тарзи истифодаи кортҳо, пур намудани тавозун, назорати маблағи мавҷудбуда ва дигар ҷанбаҳои хизматрасонии электронии нақлиётиро шарҳ дод.
Сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷамолиддин Мирзоев дар рафти вохӯрӣ таъкид намуд, ки истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва хизматрасониҳои электронӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Шиносоии донишҷӯён бо чунин имкониятҳо ба баланд гардидани маърифати рақамӣ ва молиявии онҳо мусоидат намуда, барои истифодаи самаранок ва сарфакоронаи маблағ имконият фароҳам меорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён дар бораи кортҳои нақлиётӣ ва низоми пардохти электронии роҳкиро посухҳои мушаххас гирифтанд.
Савринисо ДАВЛАТОВА
Тоҷ
Рус
Eng