Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти мақоми омӯзгор дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Омӯзгор - чароғи маърифат, забон - ҳастии миллат» доир гардид.

Чорабиниро декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Мастура Буриева ифтитоҳ намуда, оид ба мақоми забони давлатӣ, нақши он дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва зарурати риояи меъёрҳои забони адабӣ суханронӣ намуд.

Забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва омили асосии таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб рафта, эҳтиром ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба забони модарӣ эҳтироми хосса дошта, барои рушди он саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи суханронӣ Мастура Буриева ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа, саҳми ӯ дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва заҳмату талошҳои аҳли маориф таваҷҷуҳ намуд.

Ҳамзамон, аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон ёдоварӣ карда шуд.

Сипас, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Манзура Ҳасанова доир ба масъалаи ҳифзи забони давлатӣ ва фарҳанги сухан андешаронӣ намуда, донишҷӯёнро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва эҳтиром гузоштан ба забони тоҷикӣ даъват намуданд.

Таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз талаботи замони муосир буда, дар баробари ин, ҳар як донишҷӯ бояд забони модарии худро хуб донад, аз он ифтихор намояд ва дар муоширати рӯзмарра меъёрҳои забони адабиро риоя кунад.

Дар идомаи чорабинӣ эдвайзер оид ба илм ва робитаҳои байналмилалиии факултети мазкур Давлатҷон Ҳукуматов оид ба аҳамияти рушди донишҳои илмӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи касбиву маърифатии донишҷӯён ва тақвияти робитаҳои илмӣ ва байналмилалӣ андешаронӣ намуд.

 

Савринисо ДАВЛАТОВА