ГИРОМИДОШТИ УСТОД ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
5-уми октябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён таҳти унвони «Гиромидошти Рӯзи муаллим ва забони давлатӣ» чорабинӣ доир гардид.
Сараввал декани факултет Фахриддин Убайдов таъкид кард, ки омӯзгор дар тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши бориз дорад. Ҳамзамон, декан дар бораи зарурат ва аҳамияти омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ андешаҳояшро баён намуда, зикр кард, ки тозаву бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он вазифаи ҳар як фарзанди худогоҳи миллат мебошад.
Сипас, профессори кафедраи забони тоҷикӣ Наргис Аслонова зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар замони давлатдории Сомониён забони тоҷикӣ мақоми баланд пайдо карда, ба забони адабиёт, фарҳанг ва дониш табдил ёфт. Маҳз ҳамин замина барои рушди минбаъдаи адабиёти классикии тоҷик имкон фароҳам овард. Аз ин рӯ, агар бо як ибора моҳияти саҳми устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар рушди забон ифода кардан лозим бошад, он «қудрати сухан» аст.
Муовини декан оид ба тарбия Самариддини Шоҳназар бошад, дар бораи мақоми омӯзгор андешаҳои судманд баён намуда, аз ҷумла баён кард: «Вақте сухан аз омӯзгор меравад, симои инсонеро мебинам, ки бо вуҷуди хастагӣ табассум мекунад, инсонеро мебинам, ки барои шогирдаш аз вақти худ мегузарад, инсонеро мебинам, ки шояд дар бораи мушкилоти зиндагии худ камтар сухан гӯяд, аммо барои мушкили шогирд роҳи ҳал меҷӯяд”.
Ҳамин тавр, чорабинӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, бо муҳтавои ҷолибу ибратбахш ҳусни анҷом пазируфт.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng