МАҲФИЛИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ИЛМИЮ ТАРБИЯВӢ: «ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ»
5 октябри соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ маҳфили умумидонишгоҳии илмию тарбиявӣ таҳти унвони «Забони миллат - ҳастии миллат» доир гардид. Дар маҳфил масъалаҳои марбут ба мақоми забони давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода оид ба аҳамияти забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ва давлатдорӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳар як ҷавон бояд, пеш аз ҳама, донандаи хуби забони тоҷикӣ бошад.
Қутбиддин Муқимзода аз асари арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» ёдовар шуда, иброз дошт, ки забони миллӣ омили муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангии мардум ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи маҳфил мудири кафедраи забони тоҷикӣ Манзура Ҳасанова дар бораи мақоми забони давлатӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдорӣ изҳори андеша кард. Тавре қайд гардид, забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихи тавассути фарзандони фарзонаи миллат тули қарнҳо ҳифзу нигоҳдорӣ шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои рушду таҳкими мақоми забони давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Сипас, профессори кафедра Наргис Аслонова таҳти унвони «Муҳтарам шуд ин забон то ҷовидон» баромад намуда, таърихи забони тоҷикӣ, мақоми он дар ҳаёти миллӣ ва саҳми фарзандони фарзонаи миллатро дар ҳифзу рушди он баррасӣ кард. Аз ҷумла, ба фаъолияти устод Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, хизматҳои устодро дар роҳи рушди забони тоҷикӣ, аз ҷумла нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» ва таълифи асари «Намунаи адабиёти тоҷик» мавриди муҳим арзёбӣ кард.
Дар идомаи маҳфил дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Нигина Сироҷова дар мавзуи «Забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ» маъруза намуда, нақши забони давлатиро дар таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавии миллат шарҳ дод.
Ҳамчунин, муаллими дигари кафедра Савринисо Муҳаммадиева дар мавзуи «Забон дар паноҳи давлат аст» суханронӣ намуда, ба масъалаҳои риояи меъёрҳои забони давлатӣ, зарурати истифодаи дурусту равони забони тоҷикӣ дар муоширати ҳаррӯза ва муҳити иҷтимоӣ таъкид гардид.
Дар охир донишҷӯён бо қироати шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ, Ватан ва арзишҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Савринисо ДАВЛАТОВА
Тоҷ
Рус
Eng