ЛОГИСТИКӢ ДАР ЗАМОНИ РАҚАМИСОЗӢ
Санаи 25-уи феврали соли ҷори тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби кафедраҳои иқтисоди рақамӣ ва логистикаи факултети иқтисоди рақамӣ ва логистика маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи “Модернизатсияи инфрасохтори логистикӣ дар замони рақамисозӣ” доир гардид.
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳи Ҷовидон Халифазода, сардори раёсати илм ва инноватсия оғоз намуда, иброз дошт, ки ин гуна маҳфилҳо макони дарёфт ва такмили истеъдодҳои нави соҳавӣ мебошад.
Сипас, дар маҳфил донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-26020323 - логистика Парвина Юнусова ва Муборак Ҳамидова дар мавзуи “Модернизатсияи инфрасохтори логистикӣ дар замони рақамисозӣ” баромад намуда, дар бораи таҷрибаҳо ва технологияҳои нави рақамии дар соҳаи логистика истифодашавандаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд.
Дар музокира мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика У. Воҳидов, муаллими калони кафедра А. Саъдонов, ассистенти кафедра Бахтоваршоҳи А. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Рухшона Нурмаҳмадова баромад намуда, оид ба мавзуи баррасишуда андешаҳои худро баён намуданд.
Аъзои маҳфили илмии донишҷӯён И. Орзуев, Ҷ. Файзов ва дигарон низ фикри худро доир ба мавзуи баррасишуда иброз доштанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng