ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ ИНСОНРО БА ОРЗУЯШ МЕРАСОНАД!
Рӯзҳои 24-25 феврали соли равон саҳни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҳузури хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт пур буд. Гурӯҳҳои хонандагон бо роҳбарии омӯзгоронашон ба донишгоҳ ташриф оварда, аз утоқҳои таълимӣ, осорхона, китобхона, хобгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои таълимӣ боздид намуданд.
Танҳо дар ин ду рӯз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18, 40, 42, 45, 49, 51, 58, 72, 76, 77, 119, 125, 127, 128 ва 129-и ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз донишгоҳ дидан карданд, ки ҳадафи асосии ин иқдом боло бурдани завқу шавқи хонандагон ба интихоби дурусти касб ва шинос кардани онҳо бо имкониятҳои таълимии донишгоҳ мебошад.
Касб ва интихоби он яке аз муҳимтарин марҳилаҳои ҳаёти ҳар нафар ба ҳисоб меравад. Агар шахс касбро дар айёми наврасӣ бо дарки дурусти манфиатҳои шахсӣ, ҷомеа ва давлат интихоб кунад, ин қарор метавонад ояндаи ӯро равшан, муваффақ ва самаранок гардонад. Дарвоқеъ, агар шахс касби интихобкардаашро дӯст дорад, минбаъд метавонад бо риояи масъулият ва қаноатмандӣ дар он фаъолият намояд.
Дар рафти вохӯриҳо устодони донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то хонандагонро бо нозукиҳо, имкониятҳои ҳар як пешае, ки дар ҳафт факултети донишгоҳ омӯзонида мешавад, ошно созанд.
Бо назардошти нақши интихоби дурусти касб дар кӯшиши сохтани ояндаи равшан рӯзҳои дарҳои кушод дар ДДМИТ то 27 феврал идома меёбанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng