НАҚШ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Тибқи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ ва раёсати илм ва инноватсия аз ҷониби муаллими калони кафедраи менеҷменти молиявӣ Мавзуна Ҳакимова дар мавзуи “Нақш ва рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинари сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ дотсент Фаррух Саидаҳмадов, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Рухшона Нурмаҳмадова ва устодони кафедра Абдумалик Сафаров, Комил Файзуллоев ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода қайд кард, ки иқтисодиёти рақамӣ барои пешрафти илму техника дар ҷомеаи мо нақши муҳимро мебозад. Минбаъд мо бе иқтисоди рақамӣ кореро ба сомон расонида наметавонем. Рақамикунонии иқтисодиёт ин татбиқи технологияҳои рақамӣ ва иттилоотӣ дар тамоми бахшҳои фаъолияти иқтисодӣ, аз ҷумла истеҳсолот, савдо, хизматрасонӣ мебошад.
Мавзуна Ҳакимова дар маърузаи худ бо истифода аз тахтаи электронӣ бо слайд баромад намуд.
Гуфта шуд, ки дар марҳилаи кунунӣ, ки рушди ҷаҳонӣ тавассути тағйироти технологӣ ва рақамӣ ва фанновариҳои нав ба нав бо суръати бесобиқа идома доранд, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки истифодаи ин технологияҳо, рақамикунонии иқтисодиёт ба шумор меравад.
Ин раванд на танҳо шакл ва муҳтавои равандҳои иқтисодиро тағйир медиҳад, балки асоси рушди устувор ва фарогирро низ дар кишварҳо фароҳам месозад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати афзоянда кишварҳое, ки стратегияи муосири рақамикунонии иқтисодиётро татбиқ мекунанд, метавонанд мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам намоянд ва дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ пешсаф бошанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng