ИНТИХОБИ ДДМИТ МУВАФФАҚИЯТИ ШУМОСТ!
Санаи 25-уми феврали соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсия дар якҷоягӣ бо парки технологии донишгоҳ ҷиҳати интихоби дурусти касб вохӯрӣ ва суҳбат бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе доир гардид.
Нахуст сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя расад. Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳанӯз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин ақидаи бузург ба ҳар инсон бояд аз аввал дар дилаш бедор гардад. Зеро равшании ҳар як рӯз аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки интихоби ихтисосҳои ДДМИТ метавонад дари комёбиҳо ва музаффариятҳои шуморо боз кунад, зеро онҳо дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошанд. Умр барои инсои танҳо як бор муяссар мегардад, аз ин рӯ, танҳо илм омӯхту амали бузург намуд. Пешаи дуруст интихоб карду ифтихор пайдо намуд, то умри азиз ройгону сарсон нагзарад.
Баъдан, директори парки технологӣ Муродалӣ Ҳусейнов ва мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ ва қарзӣ Фаридулло Убайдуллов баромад намуда, қайд карданд, ки интихоби касб бояд ба кас бо як фикри дурандешонаву ҷиддӣ ва таҳаммулпазир пайдо гардад, зеро барои омӯхтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёд пеш меоянд.
Барои омӯхтани касб ҳамаи он машаққату азиятҳоро пурбардор будан лозим аст. Шахсони сабуксору бетаҳаммул наметавонанд соҳибкасб гарданд. Сабуксарон дар интихоби касб сахт азият мекашанд, зеро ба машаққату заҳмати зиёд тобовар бошанд. Ин аст, ки дар ҳаёт на ҳар кас соҳибкасб буда метавонад. Аммо шахсияти пурбардор ва барнодил ба ҳеч гуна душворӣ нигоҳ накарда, ҳунар меомӯзад ва пешаи худро интихоб карда, ҳар лаҳзаи ҳаёташро баҳри касби пуршарафи худ дареғ надошта, меҳнат мекунад.
Мегӯянд, ки меҳнат одамро аз се хокистари бузург мераҳонад: «дармондагӣ, фисқ ва эҳтиёҷ». Агар кас пешаи дурустро интихоб карда меҳнат намояд, пас ӯ ҳамеша ҳама гуна дарду ранҷро аз сари худ дур карда метавонад. Илова бар ин, пешаи дурусту пурмаҳсул ва ҳунари воло чун давлати поянда ва чашмаи афзоянда ба кас танҳо ва танҳо давлат, хушбахтӣ ва ободиву нур меорад.
Дар охир саволу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng