Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, санаи 24 феврали соли 2026 ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия ва терроризму экстремизм дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҷавонон» доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Раҳмонзода Фаромарз Назришоҳ, инчунин муовини ректор оид ба тарбия Ш. Ғаффорова, декани факултет Н. Умарзода, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия С. Мирзоев, мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ Наҷибуллои Сайвалӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия н.и.ҳ., дотсент Шаҳноза Ғаффорова ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷавонон бо таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, буҳрони молиявӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ мегарданд. Ба ин қатор, мутаассифона, коррупсия низ ҳамроҳ гардида, ҳамчун кирдори хатарзо ба пояҳои ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва руҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз Назришоҳ зимни суханронии худ масъалаҳои мубрами мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид намуд, ки ҳамкории зичи ниҳодҳои давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ метавонад дар паст намудани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ нақши муассир бозад.

Дар идомаи ҳамоиш декани факултет н.и.и., дотсент Наврӯз Умарзода изҳор дошт, ки муқовимат бо коррупсия ва экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки рисолати ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар бояд бо донишу маърифат, ҳисси баланди худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҳифзи суботу амнияти миллӣ саҳмгузор бошанд.

Қайд гардид, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарварӣ, эҳтиром ба қонун, илмомӯзӣ ва арзишҳои умумибашарӣ омили асосии рушди устувори давлат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, таҳкими сулҳу субот ва амнияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ҳамоиш дар фазои саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор ҷамъбаст гардида, иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ иброз намуданд.

С. РАҶАБОВ,

эдвайзер оид ба тарбияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ