Рӯзи 23 феврал дар факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ аз ҷониби кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дарси кушод дар мавзуи «Баҳисобгирии қарзҳои дебиторӣ» доир гардид. Дарси мазкур аз ҷониби номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедра Носирзода Ҳусейни Саъдулло бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим гузаронида шуд.

Ҳадафи асосии дарси кушод баланд бардоштани сатҳи дониши назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар самти баҳисобгирии қарзҳои дебиторӣ, инчунин, такмили усулҳои муосири таълим дар раванди омӯзиши фанҳои муҳосибӣ ба ҳисоб мерафт. Зимни баргузории дарс Носирзода Ҳ.С. тавонист мавзуи интихобшударо бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, презентатсияҳои электронӣ ва мисолҳои амалӣ ба таври фаҳмо ва муосир шарҳу тавзеҳ диҳад.

Дар оғози машғулият омӯзгор моҳияти иқтисодии қарзҳои дебиторӣ, ҷойгоҳ ва аҳамияти онҳоро дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ баён намуд. Таъкид гардид, ки идоракунии дурусти қарзҳои дебиторӣ барои таъмини устувории молиявии корхонаҳо ва беҳтар намудани гардиши воситаҳои пулӣ аҳамияти калон дорад. Ҳамзамон, ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки қарзҳои дебиторӣ яке аз унсурҳои муҳими дороиҳои ҷорӣ буда, назорати доимӣ ва баҳисобгирии дақиқро талаб менамоянд.

Дар қисми назариявии дарс масъалаҳои асосии зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

  • мафҳум ва таснифи қарзҳои дебиторӣ;
  • тартиби эътироф ва баҳодиҳии онҳо дар муҳосибот;
  • ҳуҷҷатгузорӣ ва инъикоси муҳосибии амалиётҳо;
  • тартиби ҳисоб намудани захира барои қарзҳои шубҳанок;
  • роҳҳои коҳиш додани хавфи барнагардонидани қарзҳо.

Омӯзгор бо овардани мисолҳои мушаххаси амалӣ тартиби сабти муҳосибии амалиётҳои вобаста ба пайдоиш, баргардонидан ва ҳисоббаробаркунии қарзҳои дебиториро шарҳ дод. Барои фаҳмотар шудани мавод ҷадвалҳо, нақшаҳо ва масъалаҳои ҳисоббарорӣ истифода бурда шуданд, ки ин ба фаъол гардидани донишҷӯён мусоидат намуд.

Қисми амалии дарс дар шакли ҳалли масъалаҳо ва муҳокимаи вазъиятҳои воқеии истеҳсолӣ баргузор гардид. Донишҷӯён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, масъалаҳои пешниҳодшударо мустақилона ҳал намуда, натиҷаҳои худро ҳимоя карданд. Ин раванд ба рушди тафаккури таҳлилӣ, қобилияти қабули қарорҳои муҳосибӣ ва кор дар гурӯҳ мусоидат намуд.

Дар ҷараёни дарс омӯзгор аз технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ самаранок истифода бурда, тавассути презентатсияи замонавӣ, саволу ҷавоб ва усулҳои интерактивӣ муҳити фаъоли таълимиро фароҳам овард. Донишҷӯён иштироки фаъолона нишон дода, ба саволҳо ҷавобҳои асоснок пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми дарси кушод намояндагони кафедра ва омӯзгорони иштироккунанда ба дарс баҳои мусбат дода, сатҳи баланди омодагии методӣ ва касбии омӯзгорро таъкид карданд. Қайд гардид, ки истифодаи мисолҳои амалӣ, усулҳои интерактивӣ ва технологияҳои рақамӣ сифати дарсро баланд бардошта, барои беҳтар аз худ намудани мавзуъ аз ҷониби донишҷӯён мусоидат намуд.

Ҳамзамон, як қатор пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам такмил додани раванди таълим, аз ҷумла зиёд намудани ҳаҷми масъалаҳои амалии соҳавӣ ва истифодаи ҳолатҳои воқеии фаъолияти корхонаҳо манзур карда шуданд.

Дар маҷмуъ, дарси кушод дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба ҳадафҳои пешгузошташуда ноил гардид. Ин гуна тадбирҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, мубодилаи таҷрибаи омӯзгорӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чунин дарсҳои кушод ба рушди минбаъдаи раванди таълим дар кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ мусоидат намуда, сатҳи донишу малакаи касбии донишҷӯёнро боз ҳам боло мебардорад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия