БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР ҶАЛАСАИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотии ДДМИТ санаи 24-уми феврали соли равон таҳти унвони «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа», “Пешгирии амалҳои коорупсионӣ”, “Танзим бақои зиндагӣ” ва “Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ” ҷаласаи духтарон баргузор гардид.
Онро бо сухани ифтитоҳӣ мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҳбуба Ғафорова ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки экстремизм ва терроризм барои ҳар як ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд. Барои мубориза бо он танҳо қувваи давлат кофӣ нест, ҳар як шахс, махсусан ҷавонон бояд масъулиятшинос бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба доми таблиғоти ифротӣ наафтанд.
Барои муборизаи муассир бо ин зуҳуроти хатарнок зарур аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз оила то мактаб, аз ниҳодҳои давлатӣ то ҷомеаи шаҳрвандӣ даст ба даст дода, якҷоя амал кунанд.
Номбурда дар бораи амалҳои коррупсионӣ низ сухан ронда, гуфт, ки барои решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дастҷамъона бояд мубориза бурд. Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар қаламрави кишвар тадбирҳои судманд андешидааст. Аҳолии ҷумҳурӣ, аллакай дарк кардаанд, ки амалҳои коррупсионӣ барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод мекунанд. Бинобар ин, дар пешгирӣ ва мубориза бо он нақши омӯзгорону донишҷӯён нақши калидӣ доранд.
Вохӯрӣ дар фазои озоду дӯстона сурат гирифта, донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, андешаҳояшонро баён намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро роҳандозӣ намояд, то муҳити солими ахлоқӣ ва фарҳанги баланди муошират дар байни донишҷӯён таҳким ёбад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng