Санаи 24-уми феврали соли 2026 дар озмоишгоҳи гумрукии Донишгоҳи давлатии молияи ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи фаъолияти гумрукии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ дар мавзуи “Хусусиятҳои хоси пардохтҳои гумрукӣ дар низоми коркард дар ҳудуди гумрукӣ” доир гардид.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ дотсент Хуршед Давлатов оғоз намуда, муҳтавои мавзуро ба ҳозиринро фаҳмонид.

Сипас, донишҷӯи курси 3-юми факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Муҳаммадҷон Боев дар мавзуи “Хусусиятҳои хоси пардохтҳои гумрукӣ дар низоми коркард дар ҳудуди гумрукӣ” баромад намуд. Мавсуф доир ба аҳамияти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ дар таъмини ҳадафи стратегии кишвар, саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, тартиби истифодабарии низоми гумрукӣ ва шартҳои ҷойгир намудани мол маълумоти муфассал дод.

Сипас, устоди таҷрибадори кафедраи фаъолияти гумрукӣ Қ. Мираков, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Рухшона Нурмаҳмадова, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Д. Ҳукматов, инчунин мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Тахмина Шойматова баромад намуда, ба сатҳи баромади донишҷӯ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Инчунин, қайд карданд, ки чунин донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷалб карда шаванд. Ҳамин тавр, маҳфили илмии донишҷӯён дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид.

Аъзои маҳфили илмии донишҷӯён Аҳтамзода С., Ҳасанзода М. ва дигарон низ фикри худро доир ба мавзуи баррасишаванда иброз доштанд.

Д. ҲУКМАТОВ,

муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ