Санаи 19-уми феврали соли равон дар ихтисосҳои 1-260101, идораи давлатӣ ва 1-26010101, идораи давлати ва маҳаллӣ бо иштироки кормандон, устодон ва донишҷӯён дарси тарбиявӣ дар мавзуи «33-юм солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии омӯзгори кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ Р. Фозилов доир гардид.

Номбурда дар баромади худ қайд кард, ки имрӯз мо 33-юм солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Артиши миллӣ дар муддати сиву се сол ва хусусан, тайи солҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ташаккул ёфт. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.

Баъдан, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-260101, идораи давлатӣ Шоимардони Мирзоализода иброз намуд, ки имрӯз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.

Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватан мебошанд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҳдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дод.

юми ихтисоси 1-260101, идораи давлатӣ Бибисидиқа Абдураҳимзода ва Малоҳат Соҳибова баромад намуда, афзуданд, ки бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад, бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия