РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ДДМИТ
Бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва муаррифии донишгоҳ санаи 23-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии «Рӯзҳои дарҳои кушод» доир гардид. Дар он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 28, 50, 56, 80, 87, 91 ва 99-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо шарту шароити таҳсил шинос шуданд.
Ҳангоми боздид довталабон аз факултетҳо, синфхонаҳои электронӣ ва лингофонӣ, толорҳои конфронсӣ, китобхона, хобгоҳҳо ва толорҳои варзишиву фарҳангӣ боздид намуданд.
Дар даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ гӯшаи махсуси тарғиботӣ насб карда шуд, ки аз он довталабон маълумоти заруриро вобаста ба ихтисосҳои мавҷуда метавонанд гиранд. Тибқи нақша, дар соли таҳсили 2026-2027 донишгоҳ аз рӯйи 60 ихтисос довталабонро қабул мекунад. Таҳсил дар шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, магистр, доктор аз рӯи ихтисос PhD ва маълумоти дуюми олӣ роҳандозӣ гардидааст.
Бояд қайд кард, ки айни замон дар ДДМИТ 7 факултет, 20 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ амал намуда, ДДМИТ байни 48 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ мақоми 4-умро касб намудааст.
Қобили зикр аст, ки имрӯз донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳое мутахассис омода месозад, ки бозори меҳнат воқеан ба чунин мутахассисон ниёз дорад. Ин аст, ки тамоми садорати факултетҳо барои муаррифӣ кардани донишгоҳ ва ихтисосҳои омоданамудаи худ дастоварду комёбиҳояшонро дар самтҳои илм ва инноватсия, таълим, тарбия ва варзиш ба маърази тамошои донишҷӯёни оянда гузошта, оид ба ҳар як ихтисос ба довталабон гӯшаи махсус таъсис ёфтааст.
Ба довталабон варақа ва шумораи махсуси таблиғотии рӯзномаи донишгоҳии «Молия ва иқтисод», ки муаррифгари ихтисосҳои роиҷи он аст, тақдим карда шуд.
Бино ба иттилои котиби раиси комиссияи қабули ДДМИТ Хуршед Насриддинов, имсол рӯзҳои дарҳои кушод дар донишгоҳ аз санаи 23-уми феврал оғоз ёфта, то санаи 27-уми феврали соли 2026 идома меёбад.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng