СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР ОЗМОИШГОҲИ ГУМРУКӢ
21 феврали соли 2026 дар озмоишгоҳи гумрукии ДДМИТ семинари илмӣ-методии кафедраи бехатарии иқтисодии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ дар мавзуи “Танзими тарифии гумрукӣ ҳамчун воситаи самарабахши ҳимояи бозори дохилӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ” доир гардид.
Нахуст, мудири кафедраи бехатарии иқтисодӣ дотсент М. Абдуллоев зикр кард, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими низоми ҳокимияти давлатӣ, пешравии илму маъфират, худшиносию худогоҳии миллӣ заминаи воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
Дар баробари дигар сохторҳои рукни давлатдорӣ мақомоти гумрук дар давоми 34 соли фаъолият ба унсури муҳими татбиқи сиёсати кишвар табдил ёфтааст. Рушди босуботи муносибатҳои иқтисодӣ ва тавсияи гардиши тиҷорати хориҷӣ дар шароити имрӯза истифодаи самтҳои технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, таҳлили хавфҳои иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти маъмуриро дар соҳаҳои танзими давлатии тиҷорати хориҷӣ тақозо менамояд. Ҳамин аст, ки тайёр намудани мутахассисони соҳа, хосатан дар самти амнияти иқтисодӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Сипас, донишҷӯи курси 3-юми факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Муҳаммад Боев дар мавзуи “Мавқеи мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодии кишвар дар шароити муосир” баромад намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки мақомоти гумрук фазои мусоидро барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи захираҳо ва таъмини истиқлолияти кишвар фароҳам овардааст. Дар баробари ҷамъоварии боҷу хироҷи гумрукӣ назорати сарҳадиро таъмин намуда, қочоқ ва дигар қонуншиканиҳоро пешгирӣ менамояд. Ин вазифаҳо дар маҷмуъ, таъмини бехатарии иқтисодиро кафолат медиҳанд.
Сипас, муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хадамоти гумрук М. Маҳмадҷонов дар мавзуи “Танзими гумрукӣ - тарифии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ҳамчун омили таъмини иқтисодӣ” баромади пурмуҳтаво намуд. Мавсуф дар бораи вазифа ва уҳдадориҳои мақомоти гумрук оид ба ҳимояи бозори дохилӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, дарёфти сарчашмаҳои иловагии пардохтҳои гумрукӣ ва нақши калидии танзими гумрукии тарифӣ ва ғайритарифиро дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ қайд намуд.
Дар музокира, устодони таҷрибадор Ф. Насриддинов, Қ. Мираков, Ҷ. Махшулов ва сардори Раёсати илм ва инноватсия Ҷ. Халифазода фикру назари хешро доир ба масъалаи мазкур баён доштанд.
Семинари илмӣ-методӣ дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng