МАҲФИЛИ “АНДОЗСИТОН ВА СУҒУРТАКУНАНДАИ ҶАВОН”
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати илм ва инноватсия, 20-уми феврали соли равон дар кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Андозситон ва суғуртакунандаи ҷавон” зери роҳбарии ассистенти кафедра Сабур Муъминзода доир гардид.
Маҳфилро мудири кафедра, дотсент Суҳроб Шукуров оғоз намуда, гуфт, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои сайқал додани дониши донишҷӯён нақши бориз мебозад. Аз ин рӯ, донишҷӯёнро лозим аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд.
Сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода ҳангоми баромади худ вобаста ба муҳимияти баргузории маҳфилҳо ибрози андеша намуд.
Декани факултет дотсент Қаландар Сафаров бошад, ҳадафи асосии маҳфилро тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён дар самти андозу молия арзёбӣ кард.
Баъдан, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ М. Мавлонов дар мавзуи “Вазъи низоми андоз ва маъмурикунонии он дар шароити рақамикунонӣ” баромад кард. Номбурда қайд намуд, ки андоз яке аз фишанги асосии давлатии танзимкунандаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, сарчашмаи асосии ташаккули даромадҳои буҷети давлатӣ буда, ба раванди истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо ва дар маҷмуъ, ба сохтори иқтисодии миллӣ таъсири худро мерасонад.
Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ К. Хоҷаев дар мавзуи “Андоз аз арзиши иловашуда ва нақши он дар даромади буҷети давлатӣ” баромад намуда, афзуд, ки андоз аз арзиши иловашуда андози ғайримустақим буда, дар қатори дигар андозҳо дар таркиби даромадҳои андозии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад.
Дар интиҳои маҳфил саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng