ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
Санаи 23-уми феврали соли равон тибқи нақшаи раёсати ташкилию тарбиявӣ дар мавзуъҳои «Баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа», «Пешгирии амалҳои коррупсионӣ» ва «Либосҳои миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ» дар миёни донишҷӯдухтарони факултети молия ва қарз вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова иброз дошт, ки ҷаҳони имрӯза ба мавҷи хушунатбори гурӯҳҳои ифротиву хусусияти террористидошта мувоҷеҳ гашта, солҳои охир доир ба афзоиш ва густариши терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд, дар васоити ахбори омма хабару нигоришоти зиёде ба назар мерасанд, ки ин нукта давлату ҷомеаи соҳибтамаддуни моро низ бетараф гузошта наметавонад.
Мусаллам аст, ки натиҷаи аслӣ дар пасманзари муборизаву муқовимат танҳо дар доираи ҳамкориву ҳамгироии доираи васеи давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ метавонад самари мусбат ва фаъол дошта бошад.
Сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова бошад, оид ба «Пешгирии амалҳои коррупсионӣ» баромад намуда, қайд кард, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди босуботи давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Ин зуҳурот на танҳо пояҳои иқтисодиро заиф месозад, балки эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ коҳиш дода, адолати иҷтимоиро халалдор мекунад.
Коррупсия ин суиистифода аз мансаби давлатӣ ё имкониятҳои хизматӣ ба хотири ба даст овардани манфиати шахсӣ, моддӣ ё маънавӣ мебошад.
Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва духтарон Маҳбуба Ғаффорова дар мавзуи «Либосҳои миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ» баромад намуд. Гуфта шуд, ки либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад.
Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн нахоҳад рафт. Таърих гувоҳ аст, ки занон-модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд. Дар ин фасли зебои сол - баҳор дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии тоҷикон иқдоми маъракаи “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардида истодааст.
Дар охир оид ба мавзуъҳои матраҳшуда саволу ҷавоб бо донишҷӯдухтарон доир гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng