Таҳти ин унвон 20-уми феврали соли равон дар назди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ маҳфили илмии донишҷӯён - «Қонундон» дар мавзуи «Артиш - кафили иқтидори мудофиавӣ ва амнияти кишвар» бахшида ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Сараввал, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Шукрона Лоиқова иброз дошт, ки Артиши миллӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ чун ҳомии сулҳу субот ва такягоҳи боэътимоди давлат хизмат мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сутунҳои асосии давлатдории муосири тоҷикон ба шумор рафта, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан, ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва суботи ҷомеаро таъмин менамояд.

Мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Субҳоналӣ Мирзоев бошад, дар баромади худ қайд намуд, ки Артиши миллӣ рамзи қудрат, истиқлол ва суботи Тоҷикистон мебошад. Бо такя ба иродаи қавии сарбозону афсарон ва дастгирии давлату ҷомеа, он минбаъд низ кафили боэътимоди амнияту оромии ҷомеа боқӣ хоҳад монд.

Ҳамчунин, дар маҳфил муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ Ориф Фозилзода сухан карда, афзуд, ки ҷавонон дар ҷомеа нақши муҳиму арзишманд доранд. Метавон гуфт, ки имрӯз дарки масъулият ва ҳисси ватанпарастии ҷавонони мо хеле боло рафтааст.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯён - Ҳокима Ҳокимзода дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таъсис ва ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Муҳаммад Ҳаймаҳмадов дар мавзуи «Қувваҳои Мусаллаҳ - кафили амният ва суботи кишвар» баромад намуданд.

Донишҷӯён дар баромади худ иброз намуданд, ки дар ҳақиқат, ҳимояи хоки поки Ватани азиза барои ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳ қарз аст. Мувофиқи талаботи санади танзимкунандаи соҳа - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҷалби ҷавонони синнашон аз 18 то 27-сола, ки дар қайди комиссариятҳои ҳарбиянд, ба хизмати Ватан-Модар даъват карда мешаванд.

Тағоймурод Эшзода