МОЛИЯ ВА ҚАРЗ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИ БЕРУНА
Рӯзи 20-уми феврали соли равон дар кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ бо иштироки сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Рухшона Нурмуҳаммадова маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи “Қарзи хориҷӣ ва аҳамияти он барои кишварҳои қарзгиранда” доир гардид.
Декани факултети МИБ Фахриддин Убайдов дар бораи гузаронидани маҳфили илмии донишҷӯён дар байни гурӯҳҳои академӣ ибрози андеша намуда, ба кори маҳфил барор хост ва даъват ба амал овард, ки минбаъд низ чунин маҳфилҳо дар байни донишҷӯён гузаронида шаванд.
Роҳбари маҳфили илмӣ, муаллими калон Т. Ҳазратзода бошад, муҳтавои мавзуи навбатиро ба донишҷӯён ба таври мушаххас фаҳмонида, паҳлӯҳои мубрами онро муҳокима кард.
Сипас, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010407 Мавҷуда Додоҷанова дар мавзуи “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна” маъруза намуда, қарз ва принсипҳои онро шарҳ дод. Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯён низ фаъол буданд ва саволҳои худро ба баромадкунанда пешниҳод намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Дар интиҳои маҳфил мудири кафедра Фаридулло Убайдуллоев қайд кард, ки донишҷӯён бояд мунтазам дар чунин маҳфилҳо иштирок намоянд. Ҳамин тавр, дар оянда баҳри таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалӣ дар соҳаи молияи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро мақсади асосии маҳфил тақвият бахшидан ба ҷаҳонбинии донишҷӯён мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng