АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН
Санаи 19-уми феврали соли равон дар назди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ маҳфили илмии донишҷӯён зери унвони “Ҳуқуқдони замони муосир” дар мавзуи “Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан” доир гардид.
Мудири кафедра, профессор Ҷамрод Бобозода иброз дошт, ки Ватан на танҳо марзу бум, балки муқаддастарин арзишест, ки ҳастии инсон ба он пайванд мебошад. Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи ин марзу бум ва ҳимояи номуси миллат меравад, пеши назар симои афсарону сарбозон ва ҷавонмардоне ҷилвагар мешавад, ки ҳаёти худро фидои озодиву истиқлоли кишвар кардаанд. Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор менамоем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунад.
Сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода дар баромади худ иброз дошт, ки эҳтиром ба ҳомиёни Ватан танҳо бо табрику таҳният дар рӯзи ҷашн маҳдуд намешавад. Ин мафҳум маънои амиқтар дорад ва он пеш аз ҳама, дарк кардани масъулияти ватандорӣ аз ҷониби ҳар як шаҳрванд аст. Вақте ки мо ба афсарону сарбозон бо дидаи эҳтиром менигарем, дар симои онҳо шуҷоат, мардонагӣ ва садоқатро мушоҳида мекунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус бояд мактаби шуҷоат ва худшиносӣ бошад.
Устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Савриддин Ятимов иброз дошт, ки Ватан аз остонаи хона ва аз муҳаббат ба падару модар оғоз мешавад. Ҳар касе, ки ба ин арзишҳо садоқат дорад, дар асл ҳомии ин Ватан аст. Эҳтиром ба ҳомиёни Ватан бошад, ин эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор, имрӯзи осоишта ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст.
Дар маҳфили илмӣ донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-24010300 Шабнам Саидова дар мавзуи “Эҳтиром ба ҳомиёни Ватан”, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-24010300 Акмал Сафаров дар мавзуи “Таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-24010302 Беҳрӯз Калонов дар мавзуи “Ҳомиёни Ватан - сипари боэътимоди давлат” баромади пурмуҳтаво намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng