АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР
Ҳамоиши ҳарбӣ-ватандӯстие, ки рӯзи 20 феврали соли 2026 дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ - сипари боэътимоди давлат ва кафили сулҳу суботи кишвар” бо иштироки муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал полковник Маҳмадизода Лоиқ ва муовини сардори шуъбаи интизоми ҳарбии раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷӯразода Абдумаҷид Гулаҳмад доир гардид, ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор чорабиниро ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки дар таърихи давлатдории миллатҳо падидаҳои нодире ба вуқуъ мепайванданд, ки омили худмуайяннамоии милливу давлатии онҳо мегарданд. Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати мо намунаи беназире аз чунин рӯйдодҳо ба шумор мераванд.
Мавсуф дар идомаи суханронии худ зикр намуд, ки таъсис ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи таҳкимбахши сулҳу суботи миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд мебошад. Маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии Сарвари давлати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии таъсиси Артиши миллӣ фароҳам оварда шуда, нерӯҳои пароканда муттаҳид гардиданд, сохтори ягонаи идоракунии ҳарбӣ ва аввалин қисмҳои ҳарбии миллӣ таъсис ёфтанд.
Бо сарпарастии Пешвои миллат ба рушди заминаи моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, дар ин замина, инфрасохтори ҳарбӣ тадриҷан таҷдид ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ таъсис ёфтанд. Марҳила ба марҳила сатҳи омодагии ҷангӣ ва касбии хизматчиёни ҳарбӣ баланд бардошта шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният ва мудофиа густариш ёфтанд. Аз ҳамон давра сохтори муназзами низомӣ тадриҷан ташаккул ёфт ва аз он сана ба баъд ҳамасола 23 феврал дар кишвари азизамон ба сифати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ва эҳтироми хосса таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи муҳим дошта, рамзи қудрат, истиқлолият ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бобоҷон Сатторзода аз роҳи пурпечутоб, вале пуршарафи таъсиёбӣ то ташаккулу такомули Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хотиррасон гардида, афзуд, ки ҳарчанд ин нерӯ дар шароити душвор ташаккул ёфт, вале ҳамакнун ба яке аз сутунҳои асосии давлатдорӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи ташаккули он нишон медиҳад, ки танҳо ваҳдат, иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд пояҳои амнияти давлатро устувор гардонанд. “Ин аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба нерӯи муташаккил ва касбӣ табдил ёфта, дар таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир нақши муҳим мебозанд. Ин нерӯ кафили субот, сулҳ ва рушди устувори кишвар маҳсуб меёбад. Бинобар ин, таҷлил аз Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ рамзи ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии давлат, эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ, қадрдонӣ аз корнамоиҳои сарбозону афсарон ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад.”, - бо итминон изҳор дошт ректори ДДМИТ.
Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмадизода Лоиқ низ дар баромади хеш аз нақши таърихиву мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тавсиф намуда, афзуд, ки маҳз сиёсати хирадмандона, иродаи устувор ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат имкон дод, ки Артиши миллӣ аз марҳилаи ташаккули душвор гузашта, имрӯз ба нерӯи боэътимоди ҳифзи истиқлолият ва амнияти кишвар табдил ёбад.
Боиси сарафрозист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба як нерӯи муташаккил, касбӣ ва муосир табдил ёфта, дар таъмини амнияти миллӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир нақши калидӣ мебозанд. Ҳоло хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорат, матонат, интизом ва садоқат ба арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Сарбозону афсарони тоҷик бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ рисолати муқаддаси худ - ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти давлату ҷомеаро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Зикри ин нукта хеле муҳим аст, ки Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо иди касбии хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҷашни тамоми мардуми кишвар мебошад. Зеро оромӣ, субот ва зиндагии осоиштаи ҷомеа маҳз аз шуҷоат ва фидокории ҳомиёни Ватан вобаста аст. Арҷгузорӣ ба хизматҳои сарбозону афсарони диловару шуҷои Ватан ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ аз аҳамияти муҳими ин сана маҳсуб меёбад. “Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат ва такягоҳи устувори сулҳу субот ба шумор мераванд. Хизмат дар сафи артиш нишонаи ҷасорат, матонат, садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад”, - зикр кард дар хотимаи баромади худ Лоиқ Маҳмадизода.
Дар бахши дигари ҳамоиш барномаи фарҳангии фараҳбахшу дилнишини шуъбаи фарҳанги донишгоҳ таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар манзури аҳли толор гардид.
Дар фароварди чорабинӣ як қатор омӯзгорону кормандон ва меҳмонони ҳамоиш бо Ифтихорномаи ректори донишгоҳ сарафроз гардонида шуданд.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng