СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР МАВЗУИ «СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР»
Рӯзи 19-уми феврали соли 2026 бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари илмӣ-методӣ таҳти унвони «Сиёсати пулию қарзӣ ва роҳҳои пешбурди он дар шароити муосир» доир гардид.
Семинар бо сухани ифтитоҳӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода оғоз намуда, қайд кард, ки баргузории чунин семинарҳо тибқи нақшаи тасдиқшудаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ сурат гирифта, барои сайқал додани малакаи омӯзгорону донишҷӯён аҳамияти махсус доранд.
Дар семинари мазкур доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо маърузаи муфассал баромад намуда, ҷанбаҳои муҳими сиёсати пулию қарзиро ба таври илман асоснок шарҳ дод.
Профессор Ш. Раҳимзода, ки яке аз мутахассисони пешсаф дар соҳаи иқтисод ва молияи кишвар маҳсуб меёбанд, дар оғози суханронӣ зикр кард, ки сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати андозӣ, сиёсати асъорӣ ва сиёсати бонкӣ ҳамагӣ якҷоя сутунҳои асосии сиёсати иқтисодии давлатӣ ба шумор мераванд.
Номбурда таъкид кард, ки рушди устувори хоҷагидории миллӣ аз таҳияи дурусти механизми сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, танзими самараноки фаъолияти бонкҳо ва устувории муомилоти пулӣ вобаста мебошад.
Дар ҷараёни маъруза, профессор бо такя ба маълумотҳои оморӣ вазъи низоми бонкӣ дар солҳои 2015-2024 таҳлил намуда, зикр кард, ки аз соли 2015 то 2020 пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо коҳиш ёфтанд, ду бонки низомсоз барҳам хӯрданд, ки ин ба боварии аҳолӣ зарбаи ҷиддӣ расонд. Баъди рушди тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ, соли 2025 ҳаҷми пасандозҳо ба сатҳи соли 2015 баробар шуд, ки ин аз барқароршавии эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин, маърузакунанда ба роҳҳои беҳтар намудани сиёсати пулию қарзӣ таваҷҷуҳ карда, қайд намуд, ки таҳияи барномаи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷузъи асосии идоракунии иқтисодӣ мебошад. Ин барнома ҳадафҳои давлатро дар самти сиёсати пулӣ муайян карда, назорат ва таҳлили доимиро дар бар мегирад. Интихоб ва татбиқи усулҳои танзими сиёсати пулию қарзӣ бояд мутобиқ ба воқеиятҳои иқтисодии кишвар сурат гирад.
Пас аз анҷоми маъруза, баҳси илмӣ ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng