Маҳфили илмии донишгоҳии “Дурахши илм”, ки санаи 19 феврали соли равон бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ баргузор гардид, ин навбат ба мавзуи “Ҷаҳони якқутба ва бисёрқутба: муаммоҳо ва роҳҳои ҳал” бахшида шуд.

Дар расми ифтитоҳи маҳфил муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов перомуни моҳият ва фаврияти мавзуъ суҳбат намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки  ҷаҳони якқутба (унополярӣ) ба низоми байналмилалие ишора мекунад, ки дар он як абарқудрат дорои нуфузи ҳукмрон дар сиёсат, иқтисод, амният ва фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад. Хусусиятҳои асосии ҷаҳони якқутба асосан дар бартарии низомӣ, иқтисодӣ, нуфузи сиёсӣ ва бартарии фарҳангиву иттилоотӣ зоҳир мешавад. Чунончӣ, пас аз истиқлолият кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар фазои нави геополитикӣ қарор гирифтанд. “Моҳият ва таносуби давлатҳоро дар ҳамин вазъият донишҷӯёни фаъоли мо аз кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ – Нуриҷаҳон Шоискандарова ва Дилангез Мирзодавлатова ба таври мукаммал дар маърӯзаи худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд”, - изҳор намуд Қутбиддин Муқимов.

Донишҷӯёни соли чоруми факултети мазкур Нуриҷаҳон Шоискандарова ва Дилангез Мирзодавлатова зимни баромади худ таҳти унвони “Як чанбар ва анбӯҳи сарварон: ҷаҳонро кӣ идора мекунад?” зикр намуданд, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба майдон баромадани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун абарқудрати ягона низоми байналмилалӣ барои чанд даҳсола хусусияти якқутба гирифт. Дар чунин низом меъёрҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ бештар аз ҷониби як маркази қудрат муайян мешаванд. Давлатҳои хурду миёна дар ин муҳит ҳамзамон имконият ва осебпазириро эҳсос мекунанд. Зеро дар ҷаҳони якқутба таъсир ба иқтисодиёт, хатарҳои амниятиву ҳудудӣ ва вобастагиҳои молиявӣ, осебпазирӣ аз буҳронҳои ҷаҳонӣ, нобаробарии рақобат, фишор  ва амсоли инҳо болои аксар давлатҳои дигар зиёд мегардад. Бинобар ҳамин, дар чунин шароит барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, диверсификатсияи иқтисодӣ ва коҳиши вобастагӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар шароити якқутба, давлатҳои хурд бояд сиёсати мутавозин пеш баранд, то манфиатҳои миллӣ ҳифз шаванд. Дар ин ҳолат роҳ гирифтан аз усули стратегияи “дипломатияи бисёрсамта” роҳи кам кардани таъсири фишорҳои берунӣ мебошад. Аз сӯи дигар, ҷаҳони якқутба барои давлатҳои ҳаҷман хурд на танҳо таҳдид, балки фурсати рушд низ мебошад. Натиҷа аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза сиёсати иқтисодӣ мустақил ва диверсификатсияшуда буда, сиёсати хориҷӣ мутавозин ва прагматикӣ роҳандозӣ ва суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳифз мегардад. Ин аст, ки дар шароити гузариш ба низоми нисбатан бисёрқутба, кишварҳои хурд метавонанд бо истифода аз рақобати қудратҳо манфиатҳои миллии худро ҳимоя ва имкониятҳои рушдро васеъ намоянд.

Гузашти айём ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз, дар шароити гузариш ба низоми бисёрқутба, кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати “мувозинати манфиатҳо”-ро пеш мегиранд, яъне ҳамкорӣ бо ҳамаи қудратҳо бидуни ворид шудан ба рақобати шадиди онҳо.

Азбаски мавқеи ҷуғрофии минтақа онро ногузир байни Русия, Чин, Эрон ва Афғонистон қарор дода,  ба майдони рақобати геостратегӣ табдил додааст, гузариш ба низоми бисёрқутба амнтар аст. Зеро тайи ду даҳсолаи охир бо тақвияти нақши Чин ва эҳёи нуфузи Русия, инчунин зуҳури иттиҳодҳои минтақавӣ, низоми ҷаҳонӣ тадриҷан ба шакли бисёрқутба мегузарад. Созмонҳое чун Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои кишварҳои минтақа заминаи нави ҳамгироӣ фароҳам меоранд.

Дар ин миён барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст, ки сиёсати хориҷии мутавозинро идома дода, ҳамгироии минтақавиро тақвият бахшад.

Дар бахши пурсишу посух ва мубоҳисаву музокираҳо донишҷӯён бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суҳбату баҳсҳои асосноку заминавӣ ва созанда ороста, маҳфилро гарму дилнишин сохтанд.

Қарор шуд, ки маҳфили ояндаи “Дурахши илм” санаи 2 март баргузор хоҳад гашт.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ